Борони сел дар Конибодом ба 8, 3 милион сомонӣ зарар расонд

Борони сел дар шаби 2 ба 3 -уми июн ба хоҷагии халқи шаҳри Конибодом 8, 3 милион сомонӣ зарар расонидааст. Комиссия бартарафкунии паёмадҳои офати табиӣ дар шаҳри Конибодом асароти расида аз борони сел дар шаҳри Конибодомро маълум кардаанд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 12 июн — Sputnik. Рӯзи 12-уми июн ин комиссия кори худро ҷамбаст кард ва дақиқ шудааст, ки аз ҳисоби борони сел ба ҷамоатҳои Ғафурҷон Ортиқов ва Пӯлотони шаҳри Конибодом дар маҷмӯъ 8 милиону 345 ҳазору 329 сомонӣ хисорот расидааст.

Аҳмадзода аз осебдидагони шаҳри Конибодом хабар гирифт

Борони сел дар шаби 2 ба 3-уми июн ҳудуди 20 манзили сокинонро пурра вайрон карда даҳҳо сар чорворо бо худ бурдааст. Бар асари ин офати табиӣ ҳамчунин ҳудуди 40 манзили дигар хароб ва даҳҳо адад нақлиёти сокинон корношоям шудааст. Як манбаъ аз ҳукумати шаҳри Конибодом гуфт, ки борони сел ба 220 гектор замини пунбадона ҳам зарар расонида, зарурати аз нав кишти кардани 10 га. зироатро ба вуҷуд овардааст. 

Бино ба арзёбии комиссия 685 ҳазор сомонӣ аз зарари умумии сел дар Конибодом ба соҳаи кишоварзӣ марбут будааст. Дар паи рухдоди ин офати табиӣ Раҷаббой Аҳмадзода раиси вилояти Суғд, рӯзи 3-уми июн, аснои сафари кориаш дар шаҳри Исфара, ба шаҳри Конибодом рафт ва аз маҳалли ин вазъ дар ҷамоатҳои Ғафурҷон Ортиқов ва Пӯлотон дидан кард.

Сел хонаҳоро харобу чорворо бурд: борони сел дар шаҳри Конибодом

Барои бартараф кардани оқибатҳои ин офатӣ табиӣ дар шаҳри Конибодом аз ҳисоби масъулини ҳукумати Суғд ва ҳукумати шаҳри Конибодом ситод таъсис дода шуда, дар кори он ҳудуди 4 ҳазор нафар ба ҳисоби сарбозони қисмҳои низомӣ ва сокинону ҳашарчиён сафарбар карда шуд.

Зимнан ба гуфтаи сокинони шаҳри Конибодом рухдоди ин офати табиӣ бесобиқа буда, даҳсолаҳо чунин вазъро шоҳид нашуда буданд. Бино бар иттилоъи расмӣ барои бартарафкунии паёмадҳои офати табиӣ аз ҳисоби ҳукумати вилояти Суғд 300 тона семент, 400 ҳазор дона хишт фиристода шудааст.

Сел хонаҳоро харобу чорворо бурд: борони сел дар шаҳри Конибодом

Дар умум барои корҳои бартарафсозӣ 20 тонна маводи сӯзишворӣ дастрас карда шудааст. Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд рӯзи 8-уми июн дубора ба шаҳри Конибодом рафта, якҷо бо масъулини шаҳр аз рафти корҳои бартарафсозии офати табиӣ ҷаласа орост.

Дар ин сафараш ӯ масъулинро муваззаф намуд, то ба сокиноне, ки бар асари офати табиӣ хонаҳояшон пурра вайрон шудааст, то моҳи августи соли ҷорӣ сохтмони 20 манзили навро ба анҷом расонанд ва беш аз 40 манзили хараброгашта аз асароти сел пурра таъмир карда шаванд.