Давандаи тоҷикистонӣ дар Чин рекорди миллӣ гузошт

Кристина Пронженко, варзишгари тоҷикистонӣ дар давраи дуюми Гран Прии Осиё ҳангоми давидан ба масофаи 400 метр рекорди миллӣ гузошт
Sputnik

ДУШАНБЕ, 9 июн — Sputnik. Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон иттилоъ дод, ки дар шаҳри Чонқинги Чин Кристина Пронженко дар масофаи 400 метр бо натиҷаи 53.88 сония ҷои панҷумро ишғол намуда, рекорди миллӣ гузошт.

Дилшод Назаров ва Кристина Пронженко ба Қаҳрамонии ҷаҳон мераванд

Кумита зикр кардааст, ки Пронженко рекорди қаблии худро, ки дар Чемпионати Осиё моҳи апрели соли равон дар шаҳри Доҳаи Қатар бо натиҷаи 54.13 сония гузошта буд, шикаст.  Кристина дар даври аввали Гран Прии Осиё низ бо натиҷаи 54.44 сония ҷои панҷумро сазовор шуда буд.

“Дар ин масофа ҷои аввалро Ти Лан Қуаш аз Ветнам бо натиҷаи 52.63 сония ва  ҷои дуюмро Надиша Рамакаяка аз Шри Ланка - 53.24 сония, ҷои сеюмро Ти Ҳанг Нгуйен аз Ветнам - 53.29 сония сазовор гардиданд”, - омадааст дар иттилоияи Кумитаи милии олимпӣ.

Манбаъ афзуд, Одилшоҳ Исматов дар масофаи 800 метр панҷум шуда ба марра расид. Пеш аз ӯ Амир Муродии эронӣ - 1:49.49, Ҳанамура Такутои ҷопонӣ - 1:49.74, Дежу Лиуи чинӣ - 1:50.29 ва Абдураҳмон Дорзодаи эронӣ - 1:51.45 марраро фатҳ карданд.