Алишер Усмонов дар Намангон "осмонбӯс" меcозад

Мувофиқи маълумоти пешакӣ Алишер Усмонов сохтмони 18 ошёнаи маркази савдоро дар Намангон маблағгузорӣ мекунад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 8 июн – Sputnik. Алишер Усмонов дар Намангон осмонбӯс месозад, хабар медиҳад хабарнигори Sputnik Узбакистон бо такя ба суханронии ҳокими вилояти Намангон Хайрулло Бозоров дар чорчӯби ҳамоиши Invest in Namangan. 

Тибқи маълумоти пешакӣ Алишер Усмонов сохтмони 18 ошёнаи маркази савдоро дар Намангон маблағгузорӣ хоҳад кард.

Алишер Усмонов: "олигарх" нестам, дар Русия танҳо як “олигарх” мондаст

Форуми байналмиаллии Invest in Namangan рӯзҳои 7-8 июн дар Намангон баргузор мешавад.

Замони баргузории Форуми байналмилалии сармоягузории “Помир Инвест - 2019” муайян шуд

Дар чорчӯби ин форум маҳсули дасти ҳунармандони Намангон, Made in Namangan 2019 ба намоиш гузошта шудааст.

Бойтар: Алишер Усмонов дар сархати рейтинги Forbes

Пештар Шавкат Мирзиёев президенти Узбакистон дар бораи саҳми Алишер Усмонов дар ободонии вилояти Намангон хабар дода буд. Ӯ гуфт, ки Алишер Усмонов дар доираи барномаи "Обод қишлоқ", барои Намангон 50 миллион доллар ҷудо кардааст.