ДУШАНБЕ, 7 июн — Sputnik. Тибқи иттилои Додгоҳи низомии Душанбе, Толибҷони Шоҳруххон, моҳи ноябри соли 2018 аз шаҳри Роғун ба хизмати ҳарбӣ даъват гардида, барои адои хизмат ба қисми ҳарбии 5453-и қушунҳои дохилии ВУД Тоҷикистон дар Душанбе сафарбар карда шудааст.
Манбаъ афзуд, ки сарбоз Кароматулло Давлатов низ барои идомаи хизмат ба ин қисми низомӣ равона карда шудааст.
Дар мурофиа таъкид гардидааст, ки Толибҷони Шоҳруххон 14 апрели соли равон қаторӣ Давлатовро дар он айбдор кардааст, ки гӯиё қаблан ҳангоми дар дидбонгоҳи якуми сарҳадии қисми ҳарбии мазкур якҷоя адои хизмат намуданашон аз тарафи охирин мавриди лату кӯб ва таҳқир қарор гирифтааст. Ӯ сипас Давлатовро ба назди ҳоҷатхонаи қисми ҳарбии мазкур дар пушти бинои анбори хӯрока ва нуқтаи тиббии қисми ҳарбии мазкур даъват намуда, бо каллааш як зарбаи сахт ба бинии Давлатов задааст.
“Мувофиқи хулосаи ташхиси судӣ-тиббӣ, таҳти № 27 аз 25 апрели соли 2019 дар бадани сарбози қаторӣ Давлатов, соли таваллудаш 1997 ҷароҳати ҷисмонӣ ба монанди хуномоси мавзеи пилки боло ва поёни чашми чап пайдо карда шудаст, ки онҳо оқибати тезгузаранда дошта мансуб ба зарар ба саломатӣ нест”, - омадааст дар иттилоияи додгоҳ.
Додгоҳи низомии гарнизони Душанбе Толибҷони Шоҳруххонро бар асоси моддаи 373-и қисми 1 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон гунаҳкор дониста шуда, ба ӯ ҷазои маҳрум сохтан аз озоди ба муҳлати 1 сол таъин кардааст.
“Ҷазои таъиншуда, нисбати Толибҷони Шоҳруххон шартан татбиқ нашуда, барои ислоҳшавӣ ба ӯ 1 сол муҳлати санҷишӣ муқаррар карда шуд. Назорат аз болои рафтори минбаъдаи Толибҷони Шоҳруххон дар мӯҳлати санҷиш ба зиммаи Командири қисми ҳарбии 5453 вогузор карда шуд”, - таъкид намудааст додгоҳ.