Ҳушдори обуҳавошиносон: то 7 июн боронҳои пуршиддат ва жола дар назар аст

То 7 июн дар ҷумҳурӣ ҳаво ноустувор боқӣ монда, дар вилояти Хатлон, ноҳияҳои тобеи марказ, дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии вилояти Суғд боридани борони пуршиддат, ба амал омадани раъду барқ ва жола дар назар дошта шудааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 6 июн — Sputnik. Бино бар иттилои Ожонсии обуҳавошиносии Тоҷикистон, имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво абрии тағйирёбанда шуда,  боридани борони кутоҳмуддат ва ба амал омадани раъду барқ пешбинӣ шудааст. Ҳаво  шабона 14-16 ва рӯзона 26-28  дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво тағйирёбанда шуда, боридани борон ва ба амал омадани раъду барқ дар назар аст. Ҳаво  дар водиҳо шабона 11-16 ва рӯзона 24-29 дараҷа гарм мешавад.  Дар  ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 5-10  ва  рӯзона 18-23 дараҷа гарм мешавад.

Сел хонаҳоро харобу чорворо бурд: борони сел дар шаҳри Конибодом

Дар ҳамин ҳол, дар ВМКБ ҳаво тағйирёбанда шуда,  дар ғарби вилоят боридани борон дар назар аст. Ҳаво шабона 5-10 ва  рӯзона 19-24 дараҷа  гарм мешавад. Дар  шарқи вилоят ҳаво  шабона 4-1 дараҷа  сард ва   рӯзона  ҳарорат ба 11-16  дараҷа  мерасад.

Ҳаво дар вилояти Суғд тағйирёбандаи боронӣ дар баъзе ноҳияҳо пуршиддат шуда, раъду барқ ба амал меояд. Ҳаво  дар водиҳо шабона 14-19  ва рӯзона 27-32 дараҷа гарм  мешавад. Дар  ноҳияҳои кӯҳӣ  ҳаво шабона 3-8  ва  рӯзона  14-19 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон  ҳавои абрӣ шуда, боридани борони кӯтоҳмуддат ва дар баъзе ноҳияҳо ба амал омадани раъду барқ ва боридани жола дар назар аст. Ҳаво дар водиҳо шабона 16-21 ва рӯзона 28-33 дараҷа гарм мешавад.  Дар доманакӯҳҳо ҳаво шабона 8-13  ва   рӯзона 20-25  дараҷа гарм  мешавад.