Ҳамкориҳо тақвият меёбанд: Орумбекзода бо сафири Эрон масоили фарҳангиро баррасӣ кард

Дар пайи гуфтушунидҳои Вазири корҳои хориҷаи Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо мқомоти баландпояи Эрон дар Теҳрон вазири фарҳанги Тоҷикистон Шамсиддин Ормубекзода бо сафири сафири Эрон дар Тоҷикистон мулоқот кард
Sputnik

ДУШАНБЕ, 4 июн — Sputnik.  Ахиран Вазири фарҳанги Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода бо Сафири фавқуллода ва мухтори Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон Муҳаммадтақии Собирӣ вохӯрӣ анҷом дод, иттилоъ додааст дафтари матбуоти Вазорат.

Баъди буҳрон: Рӯҳонӣ гуфт, Эрон хостори ҳузури бештар дар Тоҷикистон аст

Бино бар иттилои манбаъ, зимни мулоқот тарафҳо доир ба таҳкими робитаҳои фарҳангӣ байни Эрон ва Тоҷикистон, таҳия ва ба имзорасонии созишномаи нави ҳамкории фарҳангӣ сӯҳбат намуданд. 

Аз ҷумла манбаъ таъкид намудааст, ки ташкил ва иштироки ҳар ду кишвар дар чорабиниҳои муштараки адабию фарҳангӣ, конфронсу семинарҳо, баргузории Рӯзҳои фарҳанги ҳар ду кишвар, иштирок дар намоишгоҳҳои китобӣ мавриди муҳокима қарор гирифтанд. 

Манбаъ зикр намудааст, ки сӯҳбат дар фазои хушу хотирмон сурат гирифт.