Мунтахаби наврасони Тоҷикистону Узбакистон 2 бозии рафиқона анҷом медиҳанд

Тими наврасони футболбози Тоҷикистон – “U-16”, таҳти роҳбарии сармураббӣ Аҳлиддин Турдиев бо тими наврасони Узбакистон ду бозии рафиқона анҷом медиҳад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 3 июн — Sputnik. Тибқи иттилои Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, ҳар ду бозӣ дар Варзишгоҳи “20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон”-и шаҳри Хуҷанд 21 ва 23 июн доир хоҳад шуд.

Эълони ном ва нархи футболбозони Тоҷикистон: Умарбоев - қиматтарин

Кумитаи миллии олимпӣ зикр кард, ки бозиҳои пешорӯ дар доираи омодагӣ ба  Чемпионати Осиё-2020, ки 14-22 сентябри соли равон дар Урдун ба нақша гирифта шудааст, баргузор мегарданд.

“Дар марҳилаи интихобии Чемпионати Осиё-2020 шогирдони Аҳлиддин Турдиев дар гурӯҳи “А” бозӣ мекунанд, ки ҳарифонашон дастаҳои мунтахаби наврасони Урдун, Непал, Шри-Ланка ва Қувайт ҳастанд”, - иттилоъ дод Кумита.

Ахиран наврасони футболбози Тоҷикистон дар ҷараёни тамрин дар бо ҳамcолонашон аз тими “Кайрат”-и Алмаато ду бозии санҷишӣ анҷом доданд. Шогирдони Аҳлиддин Турдиев,  бозии аввалашонро 29 май бо ҳисоби 1:2 бохтанд ва 31 май дар бозии такрорӣ бо ҳисоби 3:0 ғалаба карданд.