ДУШАНБЕ, 1 июн — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон дар мулоқот бо фаъолону раисони шаҳру навоҳии вилояти Хатлон аз шеваи кори бархе аз раисон изҳори нигаронӣ намуда, гуфтааст, ки агар вазифаашонро хуб иҷро карда натавонанд, сабукдӯш мешаванд.
Раисҷумҳур гуфтааст, ки бори охир ба онҳо ҳушдор медиҳад, агар камбудиҳоро ислоҳ карда натавонистанд, сипас чораҷӯӣ мекунад.
"Ман аз сатҳи ободонӣ ва бунёдкорӣ дар баъзе шаҳру навоҳии вилоят қаноатманд нестам. Барои ҳамин, имрӯз як маротибаи дигар аз пеши шумо мегузарам. Шумо дарак доред, ки ман маздики якчанд раисони шаҳру ноҳияҳои вилоятро аз кор сабукдӯш кардам", - гуфтааст ӯ.
"Кор карда метавонед, супоришҳоро сари вақт иҷро мекунед, қобилияти ташклотчигӣ доред, мардумро сарварӣ карда, соҳибӣ карда, мушкилоташонро бартараф карда метавонед - вазифа насибатон кунад, агар натавонистед, ҷойро холӣ мекунед", - афзудааст вай.
Дар ҳамин кор раисҷумҳур аз вусъати корҳои ободонӣ дар баъзе аз минтақаҳои вилоят, аз ҷумла ҷамоати Пушинги ноҳияи Данғара изҳори қаноатмандӣ кардааст.
Эмомалӣ Раҳмон дар идома ба раиси вилоят, Қурбон Ҳакимзода супориш додаст, ки раисҳои шаҳру ноҳияҳоро ба ҷамоати мазкур бурда, аз ободониҳо дар ин минтақаъ шинос кунад.
Ёдрас мешавем, президент ба вилояти Хатлон 23-24 май сафари корӣ дошт. Ҳангоми суханронӣ раисҷумҳур 15 шаҳру навоҳии вилоятро ном бурд, ки дар онҳо бархе лоиҳаҳо татбиқ нашудаанд.
"Татбиқи лоиҳаҳо дар доираи барномаҳои рушди иҷтимоиву иқтисодии шаҳру ноҳияҳои Кӯлоб, Фархор, Ҳамадонӣ, Левакант, Балҷувон, Кушониён, Вахш, Восеъ, Қубодиён, Темурмалик, Ҷайҳун, Хуросон, Носири Хусрав, Шаҳритус ва Абдураҳмони Ҷомӣ дар сатҳи ниҳоят паст қарор дошта, иҷрои онҳо дар ин шаҳру ноҳияҳо то 30 фоизро ташкил медиҳад, ки ин боиси нигаронӣ мебошад", - қайд карда буд вай.