Ба Бердиева Орзугул барои пирӯзиаш дар Фестивали “Атласу адрас” 3000 сомонӣ доданд

Ахиран дар Театри давлатии мазҳакаи мусиқии ба номи Камоли Хуҷандии шаҳри Хуҷанд Фестивали вилоятии «Атласу адрас» баргузор гардид
Sputnik

ДУШАНБЕ, 1 июн — Sputnik.  Шоҳҷоизаи Фестивали вилоятии “Атласу адрас” - ро тарроҳ Бердиева Орзугул ба даст овард, иттилоъ додааст дафтари матбуоти ҳукумати вилояти Суғд.

Бино бар иттилои манбаъ, фестивали мазкур бахшида ба “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ”, инчунин бо мақсади рушди соҳаи саноати сабук, аз ҷумла ривоҷу равнақ бахшидан ба истеҳсоли матоъҳои атласу адрас, тарғиби либосҳои аз матои табиӣ омодашуда бо истифодаи услубҳои миллии дӯзандагӣ, рушди меҳнати хонагӣ, баланд бардоштани завқи либоспӯшии миллӣ ва зебоипарастӣ баргузор гардидааст.

Дастоварди наврасону ҷавонони тоҷик дар Фестивал-озмуни байналмилалӣ

Манбаъ қайд намудааст, ки дар фестивали мазкур тарроҳону дӯзандагони беҳтарини вилоят иштирок намуданд.

Фестивал аз рӯи бахшҳои “Беҳтарин либоси кӯдакона”, “Беҳтарин либоси расмӣ”, “Беҳтарин либоси рӯзмарра”, “Беҳтарин либоси идона”, “Беҳтарин офариниши нақшу нигори атласу адрас аз ҷониби рассомон” “Беҳтарин матои атлас” ва “Беҳтарин матои адрас” ҷараён гирифт ва ҳайати ҳакамон пероҳанҳои тарроҳонро аз рӯи зебогӣ (намуди эстетикӣ) ва дизайни либос, нотакрорӣ ва ғайримуқаррарӣ, ҳалли тобиш ва обуранг, истифодаи ҳунарҳои гулдӯзии дастӣ ва қуроқдӯзӣ, интихоби ашёҳои ороишӣ баҳогузорӣ карданд.

Ҳамин тариқ, дар бахши “Беҳтарин либоси кӯдакона” ҷойи якум насиби Ҷалолова Ҳанифа, ҷойи дуюм насиби Самадова Биҳанифа, ҷойи сеюм насиби Аҳророва Амонҷон гардид.​

Дар бахши “Беҳтарин либоси расмӣ” ҷойҳои якум, дуюм ва сеюмро Нурбоева Зебо, Норчаева Саодат ва Каримова Дилафрӯз соҳиб шуданд. Мақомҳои ифтихории бахши “Беҳтарин либоси рӯзмарра”-ро Ашӯрматова Каромат, Масобирова Машҳура, Муҳаммадиева Зиёда ишғол намуданд.

Сабурова Мамлакат, Ниёзова Матлуба ва Раҳматова Маърифат ғолибони бахши «Беҳтарин либоси идона» дониста шуданд.

Дар Хуҷанд ҷашнвораи "Атласу адрас - 2017" баргузор шуд

Рассом ва ҳунарманд Орифова Иноят ғолиби бахши “Беҳтарин офариниши нақшу нигори атласу адрас аз ҷониби рассом” эълон гардида, дар бахши “Беҳтарин матои адрас” Маркази таълимӣ-истеҳсолии адрасбофӣ ба номи Зулфия Баҳриддинова ва дар бахши “Беҳтарин матои атлас” ҶДММ “Атласи Хуҷанд” пирӯз гардиданд.

Манбаъ қайд намудааст, ки шоҳҷоизаи Фестивали вилоятии “Атласу адрас” - ро тарроҳ Бердиева Орзугул ба даст овард.

Дар ҳамин ҳол, дар вазъияти тантанавӣ ба ғолибони фестивал аз 800 то 1500 сомонӣ ва ба барандаи Шоҳҷоиза 3000 сомонӣ мукофотпулӣ тақдим карда шуд.