ДУШАНБЕ, 28 мая — Sputnik. Гурӯҳи иловагии афсарони Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон имсол таҳсили худро дар макотиби олии Русия оғоз мекунанд, гуфт зимни мулоқот бо вазири дифоъи Тоҷикистон Шералӣ Мирзо, ҳамтои русаш Сергей Шойгу.
"Мехостам созишҳоеро, ки мавҷуданд ва дар дидори кишвардорон дар Маскав таҳким ёфтанд, махсусан қайд кунам.Онҳо рушди минбаъдаи ҳамкориҳо дар соҳаи низомию техникиро дар назар доранд. Умедворам имрӯз мо барои ҳаллу баррасии онҳо имкон пайдо мекунем",-гуфт Шойгу.
Бино ба арзёбии Шойгу ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Русия дар соҳаи амният бо муваффақият рушд мекунад.
Қонуни даъват ба сафи қувваҳои мусаллаҳ сангинтар мешавад: дар Русия
Ёдовар мешавем, ки ҳамчунин имрӯз вазири дифоъи Русия бо президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дидору мулоқот кард.
Ба гузориши хадамоти матбуотии раисиҷумҳури Тоҷикистон, дар ҷараёни мулоқот масъалаҳои муҳими ҳамкории ду кишвар мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Мулоқот бо Раҳмону навсозии пойгоҳи 201: Шойгу вориди Тоҷикистон шуд
"Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки рушди минбаъдаи маҷмуъи муносибатҳои шарикии стратегии Тоҷикистону Россия яке аз афзалиятҳои асосии сиёсати хориҷии давлати мо мебошад",-омадааст дар хабарнома.
Ҷонибҳо масъалаҳои ҳамкории ҳарбӣ ва ҳарбӣ-техникӣ, вазъ ва дурнамои ҳамгироии кишварҳо дар ин соҳаҳоро баррасӣ карданд.
Дар ҷараёни мулоқот ҳамчунин мавзуъҳои мубрами мавриди таваҷҷуҳи ҷонибҳо, аз ҷумла масъалаи таъмини амният муҳокима карда шуд.