“Тоҷинвест” барои ҷалби сармоя “Портал тиҷоратӣ” роҳандозӣ хоҳад кард

“Тоҷинвест” тасмим дорад, нимаи дуюми моҳи июни соли равон нахустин платформаи умумӣ - Портали тиҷоратии Тоҷикистон-ро роҳандозӣ намояд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 27 май — Sputnik. Дар ҳамроҳӣ бо гурӯҳи веб-мутахассисон корхонаи “Тоҷинвест” нахустин платформаи умумии бо номи “Бизнес Портал”-ро барои соҳибкорону сармоягузорон таҳия намуда, дар нимаи дуюми моҳи июни соли равон роҳандозӣ хоҳад кард, иттилоъ додааст дафтари матбуоти КВД “Тоҷинвест”.

Бино бар иттилои манбаъ, роҳандозии портали мазкур ба тақвият додани идоракунии соҳибкорӣ, баланд бардоштани иқтидори соҳибкорон, дастгирии истеҳсолкунандагон ва содиркунандагон, инчунин беҳ намудани муколимаи давлатӣ-хусусӣ ва ҷалби сармояҳо равона шудааст.

Суғд дар Интернет сармоягузор меҷӯяд

“Мо боварӣ дорем, ки лоиҳаи мазкур ба соҳибкорони ватанӣ имкониятҳои нав медиҳад. Бо истифодаи технологияи муосир, мо тасмим гирифтаем, ки кори ҳавасмандонро дар ҷустуҷӯи маълумоти лозима оиди ширкатҳо, маҳсулотҳо ва хизматрасониҳо содда гардонем, инчунин ҳамкориҳои мутақобиларо миёни корхонаҳо ба таври зарурӣ ба роҳ монем” – қайд намуд роҳбари КВД “Тоҷинвест” Хуршед Мирзо.

Манбаъ қайд намудааст, ки портали мазкур барои ҷӯстуҷӯи шарикони нав, пешбурди маҳсулотҳои худ, чи дар дохили Тоҷикистон, чи берун аз кишварро таҳия шудааст..

Дар баробари ин, дар портали мазкур барои сармоягузорони хориҷӣ фазои иқтисодӣ кишвар пурра нишон дода шудааст.

Манбаъ зикр намудааст, ки портали мазкур ба тамоми талаботҳои ҷаҳонӣ ва тамоюли замон ҷавобгӯ хоҳад буд.

Давоми ду моҳ ба иқтисоди Тоҷикистон 160 миллион сармоя ворид гардид

“Симои мувофиқи портал кори соҳибкоронро содда мегардонад ва онҳо метавонанд мустақилона ширкатҳо, маҳсулотҳо ва хизматрасонии худро ба қайд гиранд. Ширкатҳо соҳиби саҳифаи шахсӣ дар портал мегарданд, ки ин имконияти пайвастшавӣ ба интернет бидуни лозимияти созмон додани сомонаи махсус медиҳад.  Портали мазкур ширкатҳои ба қайд гирифтаро бо дастгирии машваратӣ таъмин менамояд. Ин дастгирӣ ба якчанд гурӯҳ ҷудо мешавад – ҳуқуқӣ, машварат дар соҳаи андоз ва андозбандӣ ва ба роҳ мондани бизнес дар умум. Платформа маълумоти лозимаро оиди тамоми паҳлуҳои бурдани тиҷорат, маълумотҳои таълимӣ ва омӯзишӣ дар бар мегирад. Ҳамзамон портал дар асоси ҳамкорӣ бо шарикони дохилӣ ва хориҷӣ кор ва фаъолият мебарад”,- гуфт манбаъ.

Дар заминаи портали мазкур маҷаллаи “Тиҷорати Тоҷикистон” ба таври электронӣ ва қоғазӣ барои паҳн кардан чи барои аҳолии маҳаллӣ, чи барои корхонаву ширкатҳои хориҷӣ нашр мешавад.