Коршинос: Сергей Шойгу бо мақомоти Тоҷикистон чиро баррасӣ мекунанд

Рӯзҳои наздик ҳайати Вазорати мудофиаи Русия зери роҳбарии Сергей Шойгу бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон ташриф меоранд. Мақсади асосии ин сафар дар чист, метавонад дар матни зер хонед
Sputnik

ДУШАНБЕ, 27 май — Sputnik. Никита Мендкович. Мувофиқи барномаи ин сафар, ҳайати Вазорати мудофиаи Русия бо Эмомалӣ Раҳмон ва Шерали Мирзо мулоқот хоҳанд кард.

Тирпарронӣ дар сарҳади Тоҷикистону Афғонистон: як қочоқбар кушта шуд

Масъалаи асосии ин сафар ҳамкориҳои низоми-техникӣ ва муайянсозии таҳдиди бехатарии Тоҷикистон мебошад.

Чанде пеш ҳайати Вазорати мудофиаи Русия бо чунин сафар дар Қирғизистон ҳузур доштанд. Тоҷикистон, низ ҳамчун як қисмати маҷмааи стратегӣ оид ба мустаҳкамгардонии низомии минтақа дида баромада мешавад.

Дар оғози сол алакай ҷониби русия ба Тоҷикистон дар доираи барномаи навсозии артиши миллӣ бо арзиши 9 миллион доллари амрикоӣ техника ва алиҳаои низомӣ дода буд. Аммо аз рӯи ин ҳама метавон гуфт, ки ҳали масоили асосӣ метавонанд меҳнат ва харҷи зиёдро талаб мекунанд, ки маҳз дар ҳамин мулоқот баррасӣ хоҳанд шуд.

Террористон дар Ҷануб мебошанд

Зиёдшавии ҷанговарони гуруҳҳои террористӣ дар наздик ба марзи қисмати ҷанубии Тоҷикистон, ҳамлаи террористон дар дохили кишвар – амалҳои террористӣ, ошубҳо дар зиндонҳо ва сохтани гуруҳҳои террористӣ барои ҷумҳурӣ хатарафзо мебошанд.

Дар сарҳади ноҳияи Ишкошими Тоҷикистон ва Афғонистон замин ҷунбид

Ин зимистон дар наздик бар марзи Тоҷикистон нишонаҳои мавҷудияти гуруҳҳои байналмилалии террористӣ пайдо шуданд. Мувофиқи маърӯзаи моҳи феврали СММ дар наздик ба гузаргоҳи марзи Шуғнони (Бадахшони Афғонистон) пойгоҳи “Ал-Қоида” созмон ёфтааст, ки ин минтақа ба Бадахшони Тоҷикистон хело наздик аст.

Мувофиқи ин маърӯза дар ин минтақа на камтар аз 500 ҷангҷӯи “Ал-Қоида”, “Ҷунбиши исломии Узбакистон” ва “Ҷамоати Ансоруллоҳ”  қарор доранд, ки миёни онҳо зодагони Тоҷикистон кам нестанд. Дар маҷмуъ, мувофиқи маълумоти мақомоти Тоҷикистон дар маҳалҳои наздисарҳадӣ 16 ҳазор ҷангҷӯёни гуруҳҳои гуногун мавҷуданд.

Лагерҳои террористони байналмилалиро аз ҷониби ҳаракати “Толибон” пуштибонӣ мешаванд. “Толибон” ин минтақаро зери роҳбарии хеш гирифта ҷанговарони таҷрибадорӣ дар ҷангҳои Ироқу Сурия иштирокнамударо зери ҳимоя гирифта истифода мебаранд. Мақомоти Афғонистон, ки қариб аз назорати ин қисмати кишвар маҳруманд наметавонанд ба ин муқобилият нишон бидиҳанд.

Сарҳади Тоҷикистону Афғонистон: зудухӯрди мусаллаҳона ва мусодираи ҳероин

Ҷанговарон дар Шуғнон дар баробари силоҳҳои оддӣ ва бомбаҳо силоҳҳои калонҳаҷм ҷобаҷо кардаистодаанд. Махсусан дар дасти онҳо миқдори хело зиёди минамиётҳои силоҳхонаи артиши Афғонистон ва ҳамоҳансозии дастии Мудофиа фазои ҳавоӣ дар заминаи ракетаҳои З-73 қарор доранд. Бо ёрии онҳо ҷангҷӯён ҳамин баҳор тавонистанд дасти кам як бесарнишинӣ амрикоиро безарар кунанд.

Бо фарқият аз “Толибон” ҷангҷӯёне ки дар минтақаҳои наздисарҳади қарор доранд барои ғасби Шимоли Афғонистон роҳандози мешаванд. Қисмати зиёди аъзоёни ин гуруҳҳо ба қисмати Шимол аз Тоҷикистон, Қирғизистон ва Узбакистон ворид мешаванд, то ки дар кишварҳояшон бо ҷурми ифротгароӣ  зиндони нашаванд.

Хатари мавҷудияти зодагони Ин кишварҳо дар Шимоли Афғонистон ин дар ин аст, ки бо ёрии онҳо маводи мухаддир аз Афғонистон ба Тоҷикистону Узбакистон мегузарад, ва фоидаи ба даст омада баҳри лавозимоти гурруҳҳои террористи харҷ мешавад.

Задухӯрд дар сарҳади Тоҷикистону Афғонистон

Пайвастшавии ҷинояткорон бо террористон вазъро дар маҳалҳои наздимарзӣ то рафт хатарноктар мекунад. Ҳамчунин амалиётҳои зидди маводи мухаддир бо занозаниҳо анҷом меёбанд. Ба ҳисоби миёна дар як сол на кам аз 20 ҳодисаҳои задухурди ҷанги миёни сарҳадбонон ва қочоқбарон ба амл меояд. Масалан, дар моҳи апрели соли ҷоррӣ чунин ҳодиса ба амал омада буд. Дар ин задухурд дар ҳудуди деҳаи Қавок ду қочоқбар кушта ва як сарҳадбон захмӣ шуда буданд. Дар ҷои ҳодиса 60 кг маводи мухаддир дарёфт ва мусодира шуда буд.

Бояд иттиҳод шуд

Дар баробари таҳдиди бевоситаи гуруҳҳои терористӣ инчунин хатари боҳамоии ва мутаҳидшавии гуруҳҳои хурди террористӣ дар кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил вуҷуд дорад.

Мушовири нахуствазири Афғонистон кушта шуд

Масалан, моҳи марти соли ҷоррӣ дар Тоҷикистон бо чунин амал Келдиев як фаъоли “Ҷамоати Ансоруллоҳ” ва инчунин дастурдиҳандаи гуруҳи “Толибон”  дастгир ва зиндон шуда буд.

Чунин намояндаҳои гуруҳҳои террористӣ бисёртар бо маводи мухаддир ба минтақаи Вилояти мухтори куҳистони Бадахшон мегузаранд ва аз он ҷо ба Шимол ҳракат намуда кӯшиши ба водииФарғона рафтан мекунанд, то ки дар он ҷо пойгоҳҳои асосии террористӣ бунёд кунанд.

Маблағе, ки аз ҳисоби маводи мухаддир ба дасти террористон меафтад имкониятҳои онҳоро зиёд мекунад, то ки шиносномаҳои сохта омода намуда, инчунин дигаронро ба сафи худ ҷалб намоянд.

Иштроки террористон дар тиҷорати маводи мухаддир метавонад ҷинояткоронро бо террористон бо ҳам пайваста ақидаҳои онҳоро дар ҷойҳои аз озоди маҳрум, яъне турмаҳо паҳн кунанд. Ҳоло гоҳо дар бораи пайдошавии мавқеи намояндагони террористон миёни онҳое, ки дунёи ҷиноиро идора мекунанд сухан меравад.

Мудофиаи стратегӣ

Дар ҳоли ҳозир вазъи сиёсии артиши Тоҷикистон бо хатари пайдошавии ҷангшҷӯён бо иштироки гуруҳҳои террористи аз қафои онҳодар Ҷануби кишвар рӯбарӯ шуданаш мумкин аст.

Нишасти изтирории чархболи низомии Амрико дар Афғонистон, чанд кас маҷрӯҳ шуданд - Акс

Бо назардошти зиёдшавии сафи ҷангҷӯён, омӯзиши тактикӣ ва пайвастшавии  онҳо бо ҳам метавон гуфт, ки аз ҷониби Афғонистон бо як ҳаракат 10-15 ҳазор ҷангҷӯ метавонад ба самти ВМКБ ва минтақаи Хатлон ворид шаванд ва дар як вакт ба коомуникатсияҳои сарҳади зарба зананд ва вазъи сарҳадбононро мушкил гардонанд.

Дар ин ҳол чихеле, ки дар боло қайд карда шуд, ҷангҷӯён метавонанд ба кумаки воситаҳои Мудофиаи ҳавоӣ  ва артилерӣ умед банданд. Ҷониби Афғонистон борҳо таъкид дар бораи аз ҷониби ҷангҷӯён истифода шудани “вертолётҳои номаълум” карда буд. Вобаста ба ин зимистони соли ҷоррӣ Русия ба Тоҷикистон якчанд маҷмааҳои радиолакатсионӣ барои мустаҳкамгардонии Мудофиаи ҳавоӣ дар маҳалҳои сарҳадӣ дода буд.  

Шумораи армияи Тоҷикистон аз рӯи маълумоти ВАО 7,4 ҳазор бо иловаи гвардияи миллӣ 16-17 ҳазор нафарро ташкил медиҳад. Захираҳои низомии артиши Тоҷикистон барои ҳолатҳи фавқулода 350 ҳазор нафарро ташкил медиҳад, аммо дар ба ногоҳ ҳамла кардани ҷангҷӯён шояд Тоҷикистон имкони ҷамъоваркунии онҳоро накунад.

Хатлон маҳсулоташро ба Русия, Қазоқистон, Афғонистон ва Украина содирот мекардааст

Дар ин ҳол метавон гуфт, ки дар ҳамлаҳои аввали ҷангҷӯён аз сӯи Афғонистон ба Тоҷикистон сафи ҳарду тараф метавонанд баробар бошанд.

Бо сурат гирифтани чунин вазъ дар сарҳади Тоҷикистон пойгоҳи 201-уми Русия метавонад нақши худро бозад. Мувофиқи маълумотҳо дар пойгоҳи 201-ум 7 ҳазор нафар ба хидмат фаро гирифта шудаанд. Таёрии онҳо метавонад ҳам артиши миллии Тоҷикистон ҳам ҷангҷӯёнро ба ҳайрат орад. Ғайр аз ин онҳо ба муқобили террористон дар Сурия ҷангида таҷриба кофӣ доранд.

Чихеле, ки роҳбари Тоҷикистон таъкид кардааст назорати сарҳадҳо дар сатҳи аъло ба роҳмонда шудааст. Сарҳадбонон вазифадор шудаанд ҳар як ҳаракатро дар сарҳад пай баранд ва инчунин аз боллои коммуникатсияҳои сарҳадӣ назорат баранд, то ки дар вазъиятҳои ногувор ба сарҳадбонон лавозимот дода тавонанд ва ба душман имкони пурзур гардонидани ақибгоҳашро надиҳанд.

Коршинос: қочоқи маводи мухддир аз Афғонистон барои Русия ва кишварҳои ҳамсуд хатар дорад

Вобаста ба ин ҳангоми мулоқоти ҳайати дифоӣ Русия бо ҷониби Тоҷикистон сухан метавонад дар ин бораи пайдо кардани чораҳои муштарак баҳри мустаҳкам гардонидани сарҳад равад. Ин метавонад аз ҳисоби низомиёни пойгоҳи 201-ум ва инчунин сарҳадбонони ФСБ Русия дар минтақаи Тоҷикистон бошад. Дар айни ҳол вазифаи сарҳадбонони ФСБ Русия дар Тоҷикистон ин омӯзиши сарҳадбонони тоҷик аст, аммо бо хавфнок шудани вазъ шояд масъулияташ зиёд шавд.

Дар мулоқоти дарпешистода метавонад омӯзиши ҷиддии марзи Тоҷикистон бо Афғонистон, ҳамчун минтақаи ноороми СПАД ба роҳ монда шавад. Шояд бунёди вазифаи назорати доимӣ аз ҳисоби штабҳои кишвҷарҳои аъзо ба роҳ монда шавад.

Ҳатто баргаштан ба идеяи сохтани артиши ягонаи сарҳадбони СПАД барои назорати маҳалҳои хавфнок, имкон дорад.

Ҷанги эълоннашуда

Бисёриҳо орзу мекунанд, ки хатари бо зури даромадани ҷангҷӯён фаъол мемонад. Аммо мавҷудияти қувваҳои низоми Русия дар Қирғизистон ва Тоҷикистон метавонанд, чашми ҷангҷӯёнро тарсонанд. Аммо мушкили дар он аст, ки ҷанг алакай дар ин минтақа рафтаистодааст, аммо ҷанги эълоннашуда.

Баҳси Раҳмону Раббонӣ аз истирдоди 80 зиндонӣ ба Афғонистон

Дар натаҷаи ошуб дар зиндони Ваҳдат зиёда аз 30 нафар кушта шуданд, дар Хуҷанд бошад 50 нафар.

Мувофиқи маълумотҳои расми дар Тоҷикистон қариб 7 ҳазор наркоман ба қайд гирифта шудаанд, бо иловаи ғайрирасмиҳо ин миқдор метавонад зиёд бошад, ки ин шаҳодат аз интиқоли маводи мухаддир аз Афғонистон ба воситаи Тоҷикистон ба дигар кишварҳо мебошад.

Дар солҳои охир на кам аз 1,5 ҳазор ҷавонон  ба сафҳои гуруҳҳои террористӣ ва экстремистӣ пайваст шудаанд. Оилаҳои онҳо низ қурбони амали фарзандон ва наздикони худ гардидаанд.

Дар ин ҳол вазифаи аввалиндараҷа ин ҳифзи сарҳад аз ҳама гуна қувваи аз берун воридмешудагӣ мебошад.  

Дар ин роҳ мушкилиҳо ва тавакалҳои зиёд мавҷуданд ва танҳо ҳаракатҳои дуруст метавонанд пушаймоновар набошанд.