Ифтор ва мастер-класс барои домоди раисиҷумҳур: сафари Нурмуҳаммадов ба Тошканд

Қаҳрамони ЮФС Ҳабиб Нурмуҳаммадов қайд кард, ки ҳавои Тошканд серун аст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 27 май — Sputnik. Чанде пеш варзишкори машҳури русиягӣ Ҳабиб Нурмуҳаммадов аз Тошканд боздид карда барои домоди раисиҷумҳур Отабек Умаров мастер-класс баргузор карду бо ӯ ифтор кард.

Дар саҳифааш дар Instagram Ҳабиб қайд кардаст, ки ҳавои Тошканд салқин аст, вале оши Самарқанд варзишкорро гарм кардааст. Пас аз дидор, домоди Шавкат Мирзиёев, Отабек Умаров ҳам, дар саҳифааш вохӯриаш бо Ҳабибро шарҳ додааст.

"Қаҳрамони муҳорибаҳои омехта, варзишкори машҳур Ҳабиб Нурмуҳаммадов ба Узбакистони азизамон меҳмон шуд. Мо ҳамроҳи ӯ ва ҳамватанонамон дар тамрингоҳ машқ кардем. Онҳо имконият доштанд бо варзишкоре, ки ба шуҳрати ҷаҳонии худ нигоҳ накада бисёр инсони оддӣ ва заминӣ аст, мулоқот кунанд",-навиштааст ӯ.

Дар баробари ин Умаров қайд кардааст, ки Ҳабиб ба шарофати падараш, ки ӯро аз аввал тамрин медод ва боварӣ ба худро, дар дили ӯ ҷой кард, ба чунин қуллаҳои баланди варзишӣ расид.

Духтари амрикоӣ, муборизи ММА ба Ҳабиб: биё ба ҷанги "шох"-и ман

Ӯ Нурмуҳаммадовро "фарзанди сазовори миллат" хонд.