ДУШАНБЕ, 24 май - Sputnik. Тибқи иттилои Кумитаи ҷавон ва варзиш, чунин мусобиқа бори аввал дар кишвар баргузор гардида, Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон барои ғолибон 100 ҳазор сомонӣ ҷоиза таъин кардааст.
Ризо Назарзода, муовини аввали раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши Тоҷикистон, мегӯяд мусобиқаи мазкур дар шакли ҷашнвораи оммавӣ — варзишӣ ва мусобиқаи даставӣ байни наврасони то 14-сола, аз 15 то 30-сола ва аз 30-сола боло баргузор карда мешавад.
“Барои ҷойи якуми даставӣ 30 ҳазор сомонӣ, ҷойи дуюми даставӣ 25 ҳазор сомонӣ ва ҷойи сеюми даставӣ 20 ҳазор сомонӣ тақдим карда мешавад”, - хабар додааст “Ховар” аз қавли Назарзода.
Ӯ афзудааст, ки ба ғолибони намудҳои инфиродӣ аз рӯи се синну сол 25 ҳазор сомонӣ пешбинӣ шудааст.
Сабқати шоҳмотбозон барои Ҷоми Пешво дар 4 марҳила - интихобӣ аз 10 июн то 8 июл дар сатҳи маҳаллу муассисаҳо, даври дуюм - аз 8 июл то 25 август дар сатҳи ноҳияҳо, марҳилаи сеюм аз 5 то 25 сентябр дар сатҳи вилоят, минтақа ва шаҳри Душанбе баргузор мегардад.
“Марҳилаи чорум аз 1 то 5 октябри соли 2019 дар шаҳри Душанбе дар асоси ҷадвали макони баргузории мусобиқаҳо ба ифтихори Рӯзи забони давлатии Ҷумхурии Тоҷикистон бо баргузории Фестивали ҷумҳуриявии шоҳмот роҳандозӣ карда мешавад”, - иттилоъ додаст муовини аввали раиси Кумитаи ҷавонон ва варзиш.