ДУШАНБЕ, 24 май - Sputnik. Чудиновсиих мегӯяд, сатҳи бекории аҳолии Русия ва раванди муҳоҷирати меҳнатӣ решаҳои гуногун доранд ва бо коҳиши муҳоҷирон мушкили бекорӣ ҳал намешавад, чун он бекорҳо ҳозир нестанд, ҷои кори муҳоҷиронро гиранд.
Ӯ дар мавриди пешниҳоди вазири иқтисоди Русия барои ҳавасмандсозии муҳоҷирони меҳнатӣ гуфт, дар ин раванд ҳадди ақал бояд монеа эҷод нашавад.
Монеаҳо дар шакли қонунҳои нав, хориҷсозӣ, болобарии беасоси нархи патент мебошанд, ки муҳоҷирати ғайриқонуниро афзоиш медиҳанд.
“Бидуни ҳавасмандсозӣ ҳам раванди муҳоҷирати меҳнатӣ аз хориҷ ба Русия дар ҳоли густариш аст. Танҳо монеа эҷод кардан даркор нест. Пешниҳоди нерӯи меҳнатӣ аз ҷониби Тоҷикистону Узбакистон ва бархе аз кишварҳои дигари узви Иттиҳоди АвруОсиё хеле калон аст”, - таъкид кард Чудиновских.
Максим Орешкин, вазири рушди иқтисоди Русия ахиран гуфт, вуруди бештари муҳоҷирон рушди иқтисоди Русияро такон хоҳад бахшид.
Ӯ дар ҷаласаи васеи ҳайати мушовараи вазорат зарур донист, ки сатҳи бекорӣ коҳиш дода шаваду раванди босифати муҳоҷират таҳким ёбад.
Вазири рушди иқтисоди Русия бо нигаронӣ таъкид кард, ки танҳо соли 2018 аҳолии қобили меҳнат дар кишвар 900 ҳазор нафар кам шуданд.
“Ин омили бисёр ҷиддии боздорандаи рушди иқтисоди Русия мебошад. Барои ҳамин бояд чора андешид, ки аз як тараф сатҳи бекорӣ коҳиш дода шавад ва аз тарафи дигар вуруди муҳоҷирони меҳнатӣ бештар гардад. Ин нуктаҳои муҳим мебошанд”, - таъкид кардааст Орешкин дар ҷаласаи васеи мушовараи Вазорати таҳти идорааш.