ДУШАНБЕ, 22 май — Sputnik. Субҳи мирӯз, 22 май зиёда аз 200 шаҳрванди Қирғизистон ба ҳудуди Тоҷикистон дар Исфара ғайриқонунӣ ворид шудаанд.
Тавре дафтари матбуоти раиси шаҳри Исфара хабар медиҳад, 200 нафар сокинони маҳалли аҳолинишини Равоти кабуди деҳаи Қаробоғи ноҳияи Боткон ё Ботканд бо ҳамроҳӣ ва таҳти ҳимояти гурӯҳи мусаллаҳи сарҳадбонони Ҷумҳурии Қирғизистон ба ҳудуди марзии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар минтақаи ҷамоати деҳоти Лаккони шаҳри Исфара ҳадафнок ворид шуданд.
Гуфта мешавад, пас аз тирпарронии огоҳкунандаи сарҳадбонони тоҷик ба ҳаво қисми зиёди онҳо аз ҳудуд берун рафтанд.
"Мақсади асосии сокинони маҳалли аҳолинишини Равоти кабуди деҳаи Қаробоғи ноҳияи Боткон азхудкунии заминҳои минтақа мебошад, ки аслан ҳудуди баҳснок набуда, ба марзи маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон тааллуқ дорад", - тавзеҳ медиҳад манбаъ.
Аммо дар ҳамин ҳол, мақомоти Қирғизистон ҳодисаро ба таври худ тавзеҳ медиҳанд.
Тавре пештар Sputnik Қирғизистон навишта буд, сокинони ҷамъомади қирғиз даъво доранд, ки гӯиё марзбонони тоҷик онҳоро ба қабристон барои гӯрондани ҳамдеҳааш роҳ надодаанд,
Аммо манбаъ тавзеҳ намедиҳад, ки қабристон дар ҳудуди Тоҷикистон ҷойгир шудааст ё Қирғизистон ва чаро марзбонони тоҷик онҳоро роҳ намедиҳанд.
Ба иттилои дафтари матбуоти шаҳрдори Исфара, 10 рӯз қабл низ гурӯҳи 6 нафараи бо яроқ мусаллаҳи сарҳадбонони қирғиз марзро убур карда будаанд.
Ба гуфтаи манбаъ, агар қаблан қонуншиканиҳо ва амалҳои иғвогарона дар деҳаи Оқсойи ноҳияи Боткон бо сокинони Ҷамоатҳои деҳоти Ворухи шаҳри Исфара, деҳаҳои Ортобозу Коктоши ноҳияи Боткон бо сокинони деҳаи Хоҷаи Аъло ва маҳаллаи Сомониёни Ҷамоати деҳоти Чоркӯҳ зиёд рух медоданд, пас вақтҳои ахир ин гунна амалу ҳаракатҳои иғвогарона деҳаҳои наздисарҳадии Ҷамоатҳои деҳоти Лаккон ва Чилгазиро низ фаро гирифтааст.
"Аз ҷумла, аз тарафи сокинони деҳаи Чонталааи ноҳияи Боткон то ҳол корҳои сохтмонии манзилҳои истиқоматӣ ва дигар иншоотҳои ёрирасон дар минтақаҳои делимитатсиянашудаи сарҳади давлатӣ идома ёфта истодааст", - тавзеҳ медиҳад дафтари матбуотӣ.