Шоири тоҷик дар пайравии достони  “Шоҳнома”-и Фирдавсӣ “Шоҳнома” навиштаст

Ин асар ба мавзӯҳои ватандӯстӣ, ҷавонмардӣ ва накӯкорӣ бахшида шуда,  арзиши гарон ва баҳои баланд доштани  мафҳуми Ватанро  ба хонанда бозгӯ  мекунад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 20 мая — Sputnik. Дар пайравии Аблқосим Фирдавсӣ ва бо риояи услуби нигориши асари безаволи ӯ шоири садаи 21-и тоҷик Содиқи Кашрӯдӣ бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон достоне бо номи “Шоҳнома” навиштааст, иттилоъ додааст агентии “Ховар”.

Ба фарзандони бунёдкорони "Роғун" "Шоҳнома" тақсим карданд
 Дар достон ҳаводису рӯйдодҳои солҳои аввали истиқлолият, суханбозиву шиорпартоиҳои дурӯғини ҳизбҳову ҳаракатҳои иртиҷоӣ ва ба сангарҳо ҷудо кардани миллати тоҷик тасвир шудаанд.Баъдан муаллиф талошҳо ва ҷонбозиҳои Эмомалӣ Раҳмонро дар роҳи расидан ба ваҳдати миллӣ, таъмин намудани сулҳу субот, роҳ гирифтан ба сӯи ободиву шукуфоиро дар худ таҷассум менамояд.

Ин асар ба мавзӯҳои ватандӯстӣ, ҷавонмардӣ ва накӯкорӣ бахшида шуда,  арзиши гарон ва баҳои баланд доштани  мафҳуми Ватанро  ба хонанда бозгӯ  мекунад.

Азбаски мавзӯҳои интихобкардаи муаллифи достон ҳамеша дар  осори адибони  мо ва  адабиёти ҷаҳон ҷои махсуси худро доранд имрӯз беш аз ҳарвақта  ба  масъалаҳои муҳими ҷомеа табдил ёфтаанд, ин асари ибратангезро пешниҳоди хонандагон менамоем.

Ҳоло мо баъзе аз қисматҳои достони "Шоҳномаи" Содиқи Кашрӯдиро пешкашатон мегардонем.

Ш О Ҳ Н О М А

Оғози достон
Ба номи Худои ҷаҳонофарин.
Худованди кавну маконофарин.

Худованди рӯҳу Худованди ҷон.
Худованди ҳар ошкору ниҳон.

Худованди донои Кайҳонфурӯз,
Тавонбахши шому шабу субҳу рӯз.

Худованди обу Худованди нон,
Худованди иқболу рӯзирасон.

Худованди Моҳу Худованди Меҳр,
Худованди гарданда гардонсипеҳр.

Худованди ройу Худованди дин,
Худованди фармону тоҷу нигин.

Худованди донандаи роздон,
Худованди собиту саййорагон.

Худованди хоку Худованди бод,
Худованди адлу Худованди дод.

Худованди неки баландошйон,
Хирадро набошад ба зоташ гумон.

Худованди дирузу имрузу пас,
Худованди паймону фарйодрас.

Сухан андар ситоиши Шоҳ
Эмомалӣ Раҳмон
Шаҳо, ҷонат поку дилат шод бод.
Зи ту дар ҷаҳон то абад йод бод.

Туро пиру барно ҳама банда бод.
Ки хасмат ба пешат сарафканда бод.

Замона туро парварад бегазанд.
Шавад душманат музтару мустаманд.

Туро бар кушоиш ҳаме роҳ бод.
Бадандеши ту дар таги чоҳ бод.

Дурахшон бодо маҳу ахтарат.
Ки тоҷи шаҳӣ то абад бар сарат.

Хушиҳои гетӣ ба коми ту бод,
Ҳама кори некӯ ба номи ту бод.

Шуд аз корат кишвар, чу хуррамбаҳор,
Зиҳӣ бар ту, эй номвар шаҳрийор.

Ба оину таърих бубахшиди ҷон,
Забонро забонат биафзуд тавон.

Зи ту ҷовид номи бузургон ба даҳр,
Ҳам обод роҳу пулу деҳу шаҳр.

Сухан андар ситоиши
Ҳаким Фирдавсии Тӯсӣ
Аз он рӯз Яздон ҷаҳон офарид,
Чу Фирдавсӣ одам суханвар надид.

Ҳакиме буд номовару кордон,
Хирадманду донандаи бостон.

Зи таърихи гетӣ бигуфт ӯ сухан,
Навишт як сар пайкори даври куҳан.

Зи Ҳурмузду Зардушти фархундапай,
Зи Ҷамшеду Заҳҳоку Ковуси кай.

Зи Кайхусрав, Афредуну Ардашер,
Зи гурдону номоварони далер.

Зи Эрону Тӯрону туркони зӯр,
Зи Афросиёбу зи Баҳроми гӯр.

Зи Сӯҳробу Рустам, зи кини падар,
Зи Таҳмина, сӯгаш ба марги писар.

Зи Доробу Дорову Исфандийор,
Зи Искандару оташи корзор.

Зи Нӯшинравону зи Сосонийон,
Зи оғози гетӣ, ҷаҳон то ҷаҳон.

Бигуфт аз Бузургмеҳру аз Борбад,
Зи Парвизу Хусрав, зи неку зи бад.

Зи Усмону Уммар, зи хоки Аҷам,
Зи куштору тороҷу ҷавру ситам.

Ҳама саргузашти Аҷам йод кард.
Руҳи рафтагонро бадин шод кард.

Андар кори ҷаҳон
Ҷаҳон устувор аст, ба неку ба бад,
Ба тезиву тундӣ, ба дому ба дад.

Ба обу ба хоку ба боду ба нон,
Ба чаррандагону ба паррандагон.

Ба барқу ба нору ба нуру чароғ,
Ба ҷому маю соқию дарду доғ.

Ба қозиву дузду ба зиндону банд,
Ба молу манолу ба суду газанд.

Ба зӯрии гурдону кори шаҳон,
Ба гуфтори ҳушйору девонагон.

Ба рӯзу шабу ҳам ба шому саҳар,
Ба борону барфу ба абри гузар.

Ба Моҳу ба Хуршеду исторагон,
Ба гармову сармо, баҳору хазон.

Ба тӯфону гарду гаҳи хокбез,
Ба оину кешу дами растахез.

Ба сулҳу салоҳу ба ҷангу ҷадал,
Ба ғавғою афғону шӯру мағал.

Ба шебу фарозу ба хору ба хас,
Ба золиму мазлуму фарйодрас.

Ба моҳиву мӯру ба боғу чаман,
Ба булбулу тӯтӣ ба сарву суман.

Ба ҷондору беҷону саҳрову дашт,
Ба андӯҳу шодӣ, сару саргузашт.

МАЪЛУМОТНОМА ДАР БОРАИ ШОИР:

Содиқи Кашрудӣ 15 октябри соли 1960 дар деҳаи Чорбоғи Рустои Деҳхонободи вилояти Қашқадарё, дар хонаводаи марди руҳонӣ  Ашӯри Шоназар   зода шудааст.

Фирдавс Аъзам: Тоҷикон "Шоҳнома" доранд, вале забонашон вазъи баде дорад

Содиқи Кашрӯдӣ аз даврони ҷавонӣ ба хондани шеъру ғазал ва дигар жанрҳои назму насри форсу тоҷик рағбати калон пайдо намуда, хусусан бо ашъори пурбору нурбори шоирони классик, ба монанди устод Рӯдакии Самарқандӣ, Ҳаким Фирдавсии Тӯсӣ, Аҳмади Ҷомӣ, Умари Хайёом, Низомии Ганҷавӣ, Носири Хусрав, Шайх Аттори Нишопурӣ, Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ, Шайх Саъдии Шерозӣ, Хоҷа Ҳофизи Шерозӣ, Амир Хусрави Деҳлавӣ, Хоҷа Камоли Хуҷандӣ, Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ, Соиби Табрезӣ, Сайидои Насафӣ, Мирзо Абдулқодири  Бедил, Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ  ва дигарон аз наздик ошно аст.

Аз соли 2004 то соли 2014 дар маснади Мушовири калони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сиёсати ҳуқуқӣ кор кардааст. Соли 2002 бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ӯ рутбаи дараҷавии Мушовири давлатии адлияи дараҷаи III дода шуд. Дорандаи медали "Хизмати шоиста" мебошад. Алҳол  дар Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон маснади Мушовири калон оид ба масъалаҳои ҳуқуқиро бар ӯҳда дорад.

Содиқи Кашрудӣ новобаста аз пуркории худ сарводаву чакома менависад, суруду тарона мехонад ва оҳанг эҷод мекунад ва мехонад. Чакидаҳои хомаи ӯ бо номи "Субҳи Содиқ", "Ғазалиёт", "Ашъори мунтахаб" ва "Нидои қарнҳо" дастраси ҳаводорони  адабиёт ва санъат  гаштаанд.