Чи гуна ҷавонписарону ҷавондухтарони замони Шӯравӣ ошиқӣ мекарданд- гузориши аксӣ

Sputnik

Дар солҳои ахир назарияи  пайдо шудааст, ки “Даврони Иттиҳоди Шӯравӣ дигар буд”.

Замони Иттиҳоди Шӯравӣ дидору гуфтугӯ ва ошиқиӣ миёни ҷавондухтарону ҷавонписарон романтиктар буд.  

Чун он замон телефони ҳамроҳ набуд, ҷавонон бо гулдаста дар даст назди муҷассамаҳо, истгоҳҳо, истгоҳҳои метро соатҳо интизори дӯстмедоштаашонро мекашид.

Замони Шӯравӣ ҷойҳои фароғатӣ начандон зиёд буд, ки ду ҷуфти ошиқ ба онҷо раванд. Беҳтарин ҷои даъват ин тамошои кино буд. Аммо дар он замон аксари ҷавонон вақтро дар кӯчаҳо сипарӣ мекарданд. Онҳо китобхониву сурудхонӣ ва сайру гашт мекарданд. Бӯсаву оғушҳо дар кӯчаҳо низ кам ба назар мерасид.

Зиёфати аз ҳама оммавӣ ин яхмомос буд. Ҷавонон барои харидани яхмос соатҳо навбат меистоданд. Инчунин ҷавонписарон барои духтарон қанду, пахтақанд, котейли ширӣ, кулчақанд ва ғайра мехариданду зиёфат медоданд.

1 / 15
Замони Иттиҳоди Шӯравӣ дидору гуфтугӯ ва ошиқиӣ миёни ҷавондухтарону ҷавонписарон романтиктар буд. Ду ҷуфти ошиқ дар назди хона дар Белорус дар соли 1987
2 / 15
Бӯсаи ошиқон дар кӯчаҳои Вилнюс дар соли 1973
3 / 15
Ҷавонон дар замони Шӯравӣ вақтро бештар дар кӯчаҳо мегузаронданд. Духтару писар дар яке аз боғҳои шаҳри Маскав бо ҳам рӯзнома мехонанд, соли 1964
4 / 15
Беҳтарин ҷои даъват ин тамошои кино буд. Ду ҷуфти ҷавон дар шаҳри Маскав дар соли 1987
5 / 15
Ошиқон бо ҳам китобхониву сурудхонӣ ва сайру гашт мекарданд. Акс аз соли 1963
6 / 15
Зиёфати аз ҳама оммавӣ миёни ҷавонони ошиқ яхмомос буд. Акс аз филми документалии "Гвоздики нужны влюбленным" коргардони Анатолий Ниточкин.
7 / 15
Чун он замон телефони ҳамроҳ набуд, ҷавонон бо гулдаста дар даст назди муҷассамаҳо, истгоҳҳо, истгоҳҳои метро соатҳо мунтазирӣ дӯстмедоштааш мешуданд. Муҷассамаи В.И.Ленин дар шаҳри Белая Серкови Украина.
8 / 15
Инчунин вохӯриҳои ишқона пеш аз дарс сурат мегирифт. Акси ду ҷуфти ошиқ аз Донишгоҳи тиҷорати Шуравӣ дар соли 1973
9 / 15
Донишҷӯён ҳангоми истироҳат дар лагери варзишӣ дар соҳили Баҳри сиёҳ дар солҳои 1959
10 / 15
Донишҷӯёни донишкадаи политехникии Одесса ба номи А.Котляренко ва Г.Мистюк, ки тобистон дар соҳили Баҳри сиёҳ истироҳат мекарданд. Акс ҳангоми сайругашти шомгоҳӣ аксбардорӣ шудааст.
11 / 15
Отряди сохтмонии донишҷӯёни яке аз Донишкадаҳои Маскав дар соли 1970.
12 / 15
Марде дар кӯчаи Деребасовскаяи Одесса интизори дӯстдухтар аст.
13 / 15
Ду ҷуфти ошиқ ҳангоми сайру гашт дар соли 1972
14 / 15
Оғуши ду ҷуфти ошиқ дар кӯчаҳои шаҳри Оренбург
15 / 15
Инчунин ҷавонписарон ба духтарон қанд, пахтақанд, котейли ширӣ, кулчақанд ва ғайра мехариданд. Дуҷуфти ошиқ дар армения Шӯравӣ, соли 1969