Суҳбати писари Шириншоҳ: аз қитиқи пойи падар то саргузашти оила баъди "террор" - акс

Писари калонии Шириншоҳ Шоҳтемур, яке аз асосгузорони ҶШС Тоҷикистон, саргузашти хонаводаи ин ходими давлатиро, ки ҳадафи “террори бузург” қарор гирифта, солҳои гуруснагию таъқибро паси сар намуданду сарфи назар аз ҳама ёди неки падарро нигоҳ доштаанд, қисса кард
Sputnik

ДУШАНБЕ, 17 май — Sputnik. Сарнавишти Шириншоҳ Шоҳтемур барои бисёриҳо маълум аст. Фарзанди деҳқони камбағал, ки  корманди роҳи оҳан шуду бо ҷонибдорӣ аз инқилоби шӯравӣ соли 1921 узви Ҳизби коммунист гардид. Солҳои 1921 – 1924 роҳбари Кумитаи инқилобии Помир ва масъули Кумитаи марказии Ҳизби коммунисти Тоҷикистон буд.

Барои шаҳраки Шириншоҳ Шоҳтемур дар Хоруғ “ҷамоат” бунёд карданд

Баъди пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ бархеҳо аз нуқоти баҳсӣ дар тарҷумаи ҳоли Шириншоҳ Шоҳтемур ёдрас карданд, аз ҷумла иштирок дар маъракаи маҳсулотгирӣ барои давлат, ё худ “хлеборазверска”, иштирокаш дар сегонаи ҳарбӣ-сиёсии Помир, ки содир кардани ҳукмҳои судӣ, аз ҷумла ҳукми қатл ба салоҳияти онҳо дохил мешуд.  

Аммо дар хотири бисёри ҳамзамонҳо ва наслҳои баъдӣ Шириншоҳ Шоҳтемур ҳамчун мубориз ва асосгузори Тоҷикистони шӯравӣ ҷой гирифтааст, ки аз аввали солҳои 20-ум ба зарурати ташкили давлати мустақили  Тоҷикистони шӯравӣ ва пайвастсозии ҳавзаи Хуҷанд ба он пойфишорӣ мекардааст.

Аммо тавре мегӯянд, “инқилоб фарзандонашро мехӯрад” ва Шириншоҳ Шоҳтемур низ баробари ҳазорҳо ҳамсафону поягузорони Иттиҳоди Шӯравӣ қурбонӣ шуд ва бо иттиҳомоти бофта дар фаъолияти зиддишӯравӣ моҳи октябри соли 1937 парронда шуд.

Писари калони Шириншоҳ Шоҳтемур, ки ҳамноми пуррааш мебошад, сарнавишти хонаводаро дар пайи таъқиботи сталинӣ ва марги падар қисса намуд. Ӯ нақл кард, ки чигуна фарзандони Шириншоҳ Шоҳтемур бадарғаю ҶБВ-ро паси сар карданду сарфи назар аз ин ҳама ба дастовардҳо ноил гардиданд.

Писари Шириншоҳ Шоҳтемур: субҳгоҳон кафи пойи падарро қитиқ мекардам

Шириншоҳ Шоҳтемури хурдӣ нақл кард, ки хурдсолияш пурнишоту беабр буд. Хонавода дар ду манзил истиқомат мекард – зимистон дар Тоҷикистон ва тобистон дар қисмати марказии Русия. Падар бо корҳои давлатияш зиёд миёни Душанбе ва Маскав сафар мекард. Шириншоҳи хурдӣ гуфт, кам, вале ёд дорад, чигуна падар ӯро бо мошин ба дараи Варзоб ва нерӯгоҳи Вахш мебурд.

Суҳбати писари Шириншоҳ: аз қитиқи пойи падар то саргузашти оила баъди "террор" - акс

“Боре дар намоиш бахшида ба 1 май ҳамроҳаш дар минбар истода будам. Дар умум аз кор дер меомад ва барвақт намехест. Субҳгоҳон вақте бедор мешудам, қитиқкунии кафи пояшро дӯст медоштам. Ёд дорам, ки занони бо нонҳо дар сар аз бари хонаамон мегузаштанду дар айвонамон сангпушт зиндагӣ мекард”, - ба ёд овард Шириншоҳи хурдӣ, писарбузурги Шириншоҳ Шоҳтемур.

Ҳамсари Шириншоҳ Шоҳтемур ва модари ду писараш – Шириншоҳ ва Рустам – зани рус Александра Михайловна Киселева, хатмкардаи Пажуҳишгоҳи шарқшиносӣ буд, ки интизор мерафт дар дастгоҳи давлатии тиҷорати хориҷӣ фаъолияти муваффақе хоҳад дошт.

Ҳамсар ба кофтукоби Шириншоҳ рафту ҳабс шуд

Аммо кӯдакии пурнишоти фарзандон ва дурнамои рушди кории ҳамсари Шириншоҳ Шоҳтемурро таъқиботи сталинӣ тира сохт.  Александра, бехабар аз тақдири шавҳар фарзандонашро дар Лопасн – ҳозира Чехов назди модаркалонашон гузошта, бо умеди пайдо кардани Шириншоҳ ба Сталинобод – ҳозира Душанбе рафт.

Суҳбати писари Шириншоҳ: аз қитиқи пойи падар то саргузашти оила баъди "террор" - акс

Ба ҷои дидори шавҳар Александраро дар Душанбе хабари марги Шириншоҳ, ҳабс ва бадарға ба Сибир, ба пойгоҳи оилаҳои маҳбусони сиёсӣ интизор буд. Танҳо баъди се сол – 1940-ум писаронаш аз ӯ мактуб ва паёми зинда будани модар гирифтаанд.

Бадарғаи хешовандон аз Поршнев ба Ош

Ятимов: як роҳбар гуфт, агар бо корманди КДАМ суҳбат кунам, мардум бо ман салом намекунад

Чун одати хоси замони “террори бузург”, кормандони Комиссариати мардумии умури дохилӣ – “НКВД” наздикони Шоҳтемурро таъқиб карда, тақрибан ҳамаи авлодаш аз деҳаи Поршневро зимистони соли 1937 ба шаҳри Оши Қирғизистон бадарға карданд. Тоби сардиҳо ва шароити тоқатфарсоро наоварда, бисёре аз бадарғашудаҳо ҷон доданд. Наздикон аз тарафи модарӣ низ таҳти таъқиб қарор гирифтанд.

Тарбияи модаркалон ва кумаки ҳамсояҳо ба “Шоик ва Рустик”

Ба бахти писарони Шириншоҳ, онҳоро на ба Ош ва на ба хонаи кӯдакон барои фарзандони “хоинони Ватан” фиристоданд.  Писарони Шириншоҳ Шоҳтемур  дар Чехов тақти саробонии модаркалонашон – хонуми заминкор Евдокия  Василевна монда, ба ӯ дар хоҷагидорӣ кумак мекарданд.

Соли 1940-ум писари калонӣ – Шириншоҳ Шоҳтемур ба синфи якум рафт ва соле баъд ба Иттиҳоди Шӯравӣ ҷанг омад.

“Бо модарбузургамон тамоми ҷангро паси сар кардем. Тобистон дар колхоз кор мекардем, то қути лоямути оиларо пайдо созем. Маҷбур будам, хеле барвақт ба чӯбшиканӣ, арракунӣ, обкашонӣ ва дигар корҳо сар кардам. Маҳз дар ҳамон давра таҳсилам дар мактаб оғоз ёфта буд”, - ба ёд овард Шириншоҳ Шоҳтемур.

Ба нақли ӯ, модаркалонаш Евдокия Василевна падарашро хеле дӯст медошт ва ҳеч гоҳ ба гунаҳкор буданаш бовар намекард. Ҳамсояҳо, ки аз сарнавишти ду бародар огоҳ буданд, ба ҳолашон афсӯс мехӯрданд ва ҳатто дар солҳои гуруснагии ҷанг ба модаркалонашон каме ғизо барои “Шоик ва Рустик” меоварданд.

Раҳоии модар аз маҳбас ва ҷудоии дигарбора

Ҳамон замон кӯдакон модарашонро низ дигарбора диданд. Александра аз замони ҳабс ду сол дар боздоштгоҳ, баъд лагер ва баъдан ба минтақаи Красноярск барои корҳои маҷбурӣ фиристода шуда буд.

Тағйири номи бархе аз мавзеъ ва шаҳракҳо дар Тоҷикистон

Аммо хурсандии васли хонавода тӯл накашид. Ҳатто баъди раҳоӣ, ба модар иҷозат надоданд, ки ҳамроҳи фарзандонаш якҷо зиндагӣ кунад, гӯиё “хоини халқ” метавонад, онҳоро низ олуда созад. Дар пайи раҳоӣ Александра Киселева маҷбур шуд, ба назди хоҳараш ба вилояти Твер равад. Боздошту бадарға сиҳатияшро коҳонда буд ва соли 1944-ум Александра Киселева аз хунравӣ дар мағзи сар ҷон дод. Ӯ ва шавҳараш солҳо баъди марг, соли 1956-ум сафед карда шуданд.

Аз Магадан ба Тоҷикистон: роҳи Шириншоҳ Шоҳтемури хурдӣ

Дар зимн, Шириншоҳ Шоҳтемур зери назорати модаркалон ва холааш мактабро хатм карда, ба Донишкадаи тиббии ба номи Сеченов дохил шуд, ки аз ҷумлаи беҳтарин муассисаҳои таълимии тиббии Иттиҳоди Шӯравӣ ба ҳисоб мерафт.  

Дар пайи хатми донишкада Шириншоҳ ба вилояти Магадан фиристода шуд ва он ҷо  омӯзиши иловагӣ дар бахши ташхиси рентгенологӣ гирифта, табиби рентгенолог шуд.

Сафири ҶТ дар ФР ба муҷассамаи қаҳрамонҳои Тоҷикистон гулчанбар гузошт

Замони иқомат дар Магадан, Шириншоҳ ва ҳамсараш, Людмила, ки замони таҳсил дар донишкада шинос шуда буданд, соҳиби писар гардиданд ва чун анъанаи хонаводагӣ нахустписарро Шириншоҳ ном ниҳоданд.

Соли 1961 Шириншоҳ Шоҳтемур ба аспирантура дохил шуд. Роҳбари илмии ӯ саррентгенологи Вазорати тандурустии Иттиҳоди Шӯравӣ, профессор Юрий Соколов шуд.

Ба нақли Шириншоҳ, тайи ин солҳо ӯ ҳеч гоҳ падар ва зодбуми хонаводаро фаромӯш накардааст.

“Туро дар Помир хешовандон интизоранд”

“Баъди ин ҳаводис бори аввал Тоҷикистон соли 1964 рафтам. Маро ба ҷашни 40-солагии Тоҷикистони шӯравӣ даъват намуданд. Баъди ҷаласаи тантанавӣ Ғуломшоев аз Помир ворид шуду гуфт, туро дар Помир хешовандон интизоранд. Худи ҳамон рӯз ба Хоруғ парвоз кардему баъдан ба Поршнев. Нафаронеро вохӯрдам, ки дар кӯдакӣ медидам: Сайфуллоева Лола, Исмоиловаҳо, Саидбибӣ ва Бобошо. Ёд дорам, Саидбибӣ, хеши падарам бо мо менишаст, вақте модарам пайи коре мерафт”, - изҳор дошт Шириншоҳ.

Ӯ афзуд, ки аз он ба баъд бо Тоҷикистон дар равобит аст, гарчанде дар Маскав зиндагӣ мекарду дар беморхонаи ба номи Боткин то соли 2012, синни 80-солагияш фаъолият дошт.

Шириншоҳ Шириншоҳевич тайи даҳ сол роҳбарии шуъбаи ташхис ва томографияро ба уҳда дошта, барои корҳои илмию амалияш унвони дотсент ва обруйу эътибор миёни корафтодагону ҳамкоронаш соҳиб шудааст.

Суҳбаторо номзади илмҳои филологӣ, дотсент Зарифа Назарова