Тоҷикистон ва 23 кишвари дигар: иштирокдорони чемпионати ҷаҳон маълум шуданд

Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон мегӯяд, ҳамаи иштирокдорони Чемпионати ҷаҳон дар риштаи футбол миёни наврасон - “U-17” муайян шуданд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 17 май — Sputnik.Тибқи иттилои Кумита дар Ҷоми ҷаҳон, ки  тирамоҳи имсол дар Бразил доир мегардад, дар баробари тими мунтахаби Тоҷикистон, 23 дастаи дигар иштирок мекунанд. Мунтахаби наврасони Тоҷикистон соли 2018 дар Чемпионати Осиё дар Малайзия соҳиби роҳхати Чемпионати ҷаҳон гардида буд.

Ҷоиза ба беҳтаринҳо: Эмомалӣ Раҳмон аз Фонди захиравӣ қариб 1 миллион ҷудо кард

Дар Ҷоми ҷаҳон,  мунгтахаби наврасони Тоҷикистон, Ҷопон, Кореяи Ҷанубӣ, Австралия аз Осиё, Камерун, Нигерия, Ангола, Гвинея аз Африқо, Канада, ИМА, Мексика, Ҳаитӣ аз Амрикои Марказӣ ва Шимолӣ ва кишварҳои соҳили баҳри Кариб, Бразил, Аргентина, Чилӣ, Эквадор, Парагвай аз Амрикои Ҷанубӣ, Зеландияи Нав, ҷазираҳои Соломон  аз “Уқёнус” ва Фаронса, Нидерланд, Италия, Испания, Маҷористон аз Аврупо иштирок мекунанд.

Ба иттилои Кумита, қуръакашии чемпионат 22 июн дар Рио-де-Жанейро баргузор мегардад.

Мулоқоти Раҳмон бо футболбозони наврас ва тақдими 20 000 сомонӣ ба ҳар яки онҳо (АКС)

“24 даста ба 6 гурӯҳи 4-дастаӣ тақсим мешаванд. Ду дастаи беҳтарин аз ҳар гурӯҳ ва 4 дастаи ҷои сеюми гурӯҳҳо, ки натиҷаи беҳтар нишон медиҳанд, ба даври ҳаштякфинал роҳхат мегиранд”, - омадааст дар иттилоия.

Дастаи мунтахаби ҷавонони то 17-солаи Тоҷикистон маротибаи дуюм аст, ки дар Чемпионати ҷаҳон иштирок мекунад.  Соли 2007 дар Чемпионати ҷаҳон дар Кореяи Ҷанубӣ мунтахаби Тоҷикистон то ҳаштякфинал баромада буд.