Баҳои баланди вазири рус Дмитрий Патрушев ба кулчаҳои бонувони Хатлон

Ҳадафи сафари вазири кишоварзии Русия Дмитрий Патрушев ба шаҳру  ноҳияҳои Хатлон, боздид аз дастовардҳои кишоварзон ва кумак дар дастрасиитехнологияи навин гуфта мешавад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 17 май — Sputnik.Намояндагони Русия бо роҳбарии вазири кишоварзии ин кишвар Дмитрий Патрушев бо сафари корӣ ба вилояти Хатлон рафта, аз кори боғдорону кишоварзони  шаҳру  ноҳияҳои Бохтар, Кушониён, Ҷалолиддини Балхӣ, Дӯстӣ ва Ҷайҳун дидан намуданд.

Дар ин бора хадамоти матбуотии мақомоти вилояти Хатлон хабар медиҳад.

Гуфта мешавад, ки меҳмононро дар Ҷамоати деҳоти Сарвати Истиқлоли ноҳияи Кӯшониён раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода, раиси ноҳияи Кӯшониён Ҷаббори Ғаффор ва дигар масъулин тоҷикона истиқбол намуданд.

Логистика ва тақсимоти яклухт: мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Дмитрий Патрушев

Сипас, намояндагони Федератсияи Русия бо роҳбаладии раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода, раиси ноҳияи Кӯшониён Ҷаббори Ғаффор вавВазири кишоварзии Тоҷикистон Иззатулло Сатторӣ, ки меҳмононро ҳамроҳӣ доштанд, аз намоишгоҳи аҳли заҳмату ҳунари сокинони ҷамоатҳои деҳоти ноҳияи Кӯшониён дидан карданд.

Меҳмонон аз боғи хоҷагии «Сорбонҷон» дидан карданд. Ин боғи намунавии мевааш содиротшаванда 5 сол пеш бунёд гардида, имрӯз ниҳолҳои гелос, олу, зардолуи он ғарқи ҳосиланд. 

Ҳамчунин намояндагони Федератсияи Русия бо ҳунари кадбонувони тоҷик – сокинони ноҳияи Кӯшониён, бахусус,  Ҷамоати деҳоти Сарвати Истиқлол шинос шуда, ба нону маҳсулоти нонӣ, қаннодӣ ва ҳунарҳои мардумӣ баҳои сазовор доданд.

"Меваҳои лазизи боғҳои Хатлон, афшураи зардолу, гелос ва дигар навъҳои меваҳои шаҳдор, нону кулчаҳои болаззати занону бонувони тоҷик ба меҳмонон хеле хуш омад",-омадааст дар хабарнома.

Роҳбарияти вилояти Хатлон ва ноҳияи Кӯшониён меҳмононро чун рамзи дӯстиву бародарӣ бо туҳфаҳои хотиравӣ қадршиносӣ намуданд.

Натиҷаҳои мулоқоти Владимир Путин ва Эмомалӣ Раҳмон дар Маскав

Ноҳияи Кӯшониён аз калонтарин ноҳияҳои аграрии вилояти Хатлон ва ҷумҳурӣ маҳсуб ёфта, боғдорону кишоварзони он дар самти истифодаи замин, аз замин бардоштани ду — се ҳосил таҷрибаи бой андӯхтаанд. Дар Ҷамоати деҳоти Сарвати Истиқлоли ноҳияи Кӯшониён хоҷагидороне зиёданд, ки дар баробари таъмини арзонию фаровонии бозори истеъмолӣ сол то сол ба содироти бештари маҳсулот муваффақ мегарданд.

Дар мавсими имсола аллакай беш аз 120 тонна маҳсулот аз ин деҳот ба давлатҳои Қазоқистон ва Федератсияи Русия содирот шудааст. 

Намояндагони Русия дар ин рӯз ҳамчунин аз боғи олуи хоҷагии «Ниёзмуҳаммад Беков», шафтолубоғи хоҷагии ба номи «Сафар Ҷумъаев»-и ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ, анорбоғи хоҷагии «Баҳор», намоиши маҳсулоти тару тозаи кишоварзӣ, маҳсулоти нонӣ, хӯрокҳои миллӣ, фаъолияти хоҷагидорони Хоҷагии тухмипарварии ба номи «Эргаш Султонов»-и ноҳияи Дӯстӣ ва ҷамъоварии пиёз ва кишти такрорӣ бо техникаи муосир дар хоҷагии деҳқонии «Собириён», гармхонаҳои сабзавот ва майдони кишти полезии хоҷагии деҳқонии «Назриён» ва гармхонаҳои лимӯпарварии хоҷагии «Абдураҳим Тоҳиров»-и ноҳияи Ҷайҳун аз наздик шиносоӣ пайдо карданд.

Коршинос: Русия ҳам метавонад ба Тоҷикистон гӯшти мурғ содир кунад

Тайи чор моҳи соли равон ҳаҷми маҳсулоти умумии кишоварзӣ дар вилоят ба 79,2 миллион сомонӣ расидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 65,5 ҳазор сомонӣ зиёд аст. Дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ  55262 тонна сабзавот, 1649 тонна картошка ва 402 тонна меваҷот истеҳсол шудааст.

То 6  майи соли равон аз вилоят 5,5 ҳазор тонна маҳсулоти кишоварзӣ ба хориҷи кишвар содирот шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 3, 3 ҳазор тонна зиёд мебошад.  Сафари намояндагони давлати Русия ба вилояти Хатлон баҳри ҳамкории дуҷониба дар самти кишоварзӣ ва содироти бештари маҳсулот ба хориҷи кишвар заминаҳои мусоид фароҳам меорад.