ДУШАНБЕ, 12 май — Sputnik. Тибқи иттилои Кумитаи миллии олимпӣ, тими “Истиқлол”, пешсафи Чемпионати Тоҷикистон дар риштаи футбол дар доираи даври шашуми бозиҳои лигаи олӣ дар меҳмонӣ бар тими КМВА “Помир” бо ҳисоби 4:1 ғалаба кард.
Ба иттилои манбаъ, дастаи “Хуҷанд” ду хол аз даст дод.
“Ду бозии даври шашуми Чемпионати мамлакат миёни дастаҳои лигаи олӣ 9 май доир гардиданд. Ғалабаи “Истиқлол” бар тими КМВА “Помир” тавассути “дубл”-и Эҳсони Панҷшанбе, голҳои Алишер Ҷалилов ва Шериддин Бобоев имконпазир шуд”, - омадааст дар иттилоия.
Кумита илова намуд, ки голи дастаи артиш – “Помир”-ро Ваҳдат Ханонов ба ҳадаф расонд.
Дар бозии дигари давр дастаи “Хуҷанд” дар меҳмонӣ натавонист бар тими “Панҷшер” ғалаба кунад. Мухлисон шоҳиди гол нашуданд ва бозӣ бо ҳисоби 0:0 анҷом ёфт.