Чаро аз номи фарзандони ман гап мезанӣ?!: Раҳмон гумрукчии дурӯғгӯйро шарманда кард- Видео

Шаҳбоз Раҷабзода ба ҳар суоли президент посухи нодуруст ё нопурра медод. Раисҷумҳур дурӯғҳои ин корманди гумрукро ошкор кард ва чанд бор ҳушдор дод, ки росташро гӯяд. Аммо ҳамоно посухҳои мақомдор дурӯғ мебаромаданд. Дар охир Эмомалӣ Раҳмон мегӯяд, ки Раҷабзода аризаашро нависад ва "гум" шавад
Sputnik

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон дар рафти мулоқот бо мақомоти бонку молия ва гумруку андоз як корманди гумрукро барои бесаводиву дурӯғгӯиву баровардани маблағ ба хориҷ ва гап задан аз номи фарзандони роҳбари давлат сахт интиқод кард.

Шаҳбоз Раҷабзода ба ҳар суоли президент посухи нодуруст ё нопурра медод. Раисҷумҳур дурӯғҳои ин корманди гумрукро ошкор кард ва чанд бор ҳушдор дод, ки росташро гӯяд. Аммо ҳамоно посухҳои мақомдор дурӯғ мебаромаданд. Дар охир Эмомалӣ Раҳмон мегӯяд, ки Раҷабзода аризаашро нависад ва "гум" шавад.

Навори радду бадали президент бо ин корманди гумрук тариқи телевизионҳои давлатии Тоҷкистон намоиш дода шуданд:

Эмомалӣ Раҳмон: Назди микрофон биё!

(Шаҳбоз Раҷабзода аз ҷо баланд шуда, даст пеши бар назди микрофон омад)

Эмомалӣ Раҳмон: Киед шумо?

Шаҳбоз Раҷабзода: Раҷабзода Шаҳбоз.

Эмомалӣ Раҳмон: Чанд сол шуд кор мекунӣ?

Шаҳбоз Раҷабзода: Як солу 8 моҳ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон: Як солу 8 моҳ? Чанд хона дорӣ? Росташро гӯ!

Шаҳбоз Раҷабзода: Се хона.

Эмомалӣ Раҳмон: Чанд мошин дорӣ?

Шаҳбоз Раҷабзода: Якта.

Эмомалӣ Раҳмон: Якта не, росташро гӯ. Ман дорам дар дастам.

Шаҳбоз Раҷабзода: Дута аз ман нест. Яктааш ба номи ман аст.

Эмомалӣ Раҳмон: Яктааш ба номи дигару яктааш ба номи худат. Чанд сӯм меистад мошинат?

Шаҳбоз Раҷабзода: ...

Эмомалӣ Раҳмон: Чанд забони хориҷиро медонӣ?

Шаҳбоз Раҷабзода: Се забонро.

Эмомалӣ Раҳмон: Куҷоро хатм кардӣ?

Шаҳбоз Раҷабзода: Академияи Русия, муҳтарам Ҷаноби олӣ...

Эмомалӣ Раҳмон: Дурӯғ мегӯӣ, хатм накардаӣ.

Шаҳбоз Раҷабзода: Госслужба... Бале, бале.

Эмомалӣ Раҳмон: Хатм накардаӣ, дурӯғ нагӯ!

Шаҳбоз Раҷабзода: Бале, хатм накардаам, Ҷаноби олӣ, бо сабабҳои...

Прокурори генералӣ, вазири молия ва раиси Бонки миллӣ дар назди Раҳмон гузориш доданд

Эмомалӣ Раҳмон: Пешат карданд барои надоштани саводат. Чаро аз номи фарзандони роҳбари давлат гап мезанӣ? Ана кадри ҷавон! Гуноҳат аз мӯи сарат зиёд аст. Фаҳмидӣ? Дар кадом сохторе кор кардӣ, аз ҳама ҷо туро ҷазо қатӣ пешат карданд. А чӣ хел ба кор қабул карданд, ман намедонам.Ягон касро итоат намекунад. Салом намекунад ҳатто! Чӣ, ту худат аз осмон чакидаӣ? Қонун барои чист? Қонун барои кӣ аст? Гуноҳ надорӣ? Камбудӣ надорӣ?

Шаҳбоз Раҷабзода: Дорам.

Эмомалӣ Раҳмон: Меравӣ, аризаатро менависӣ, гум мешавӣ! Ҳамин қадар, ки ҷавонӣ, набошад, кунҷи турмаро мегирӣ. На камтар аз 15 сол! Пулҳои ба хориҷа баровардагиатро мегардонӣ!

Шаҳбоз Раҷабзода: Хуб шудааст.

Эмомалӣ Раҳмон: Шин!

Дар анҷом президент дар хитоб ба кормандони гумрук мегӯяд, ки масъулини мисли Раҷабзода кам нестанд.

Нигаронии Раҳмон аз муфлисшавии бонкҳо ва супориши қатъӣ ба Вазорати молия

"Аксари роҳбарони гузаргоҳҳо, аксари роҳбарони терминалҳо, аксари роҳбарони раёсатҳои гумрук ана ҳамин аҳвол аст. Шахсони оддӣ нестанд. Аз куҷо даромади буҷа мешавад? Куҷоро нигоҳ мекунед шумо? Садҳо миллион, миллиард рафта истодааст, шумо бошед, мегӯед, буҷа иҷро намешавад. Омӯзгор 10-12 соат рӯзи дароз кор мекунад, 700 сомонӣ мегирад", - изҳори нигаронӣ мекунад Эмомалӣ Раҳмон.

Ёдрас мешавем, 10 май раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо кормандони соҳаҳои молия, андоз, гумрук ва бонкдории кишвар дидору мулоқот кард.

Раисҷумҳури Тоҷикистон дар ин мулоқот аз коҳиш ёфтани эътимоди аҳолӣ ба низоми бонкӣ ва муфлисшавии чор бонки кишвар изҳори нигаронӣ карда, ба Вазорати молия барои татбиқи технологияи рақамӣ дар ду соли минбаъда, супоришҳои қатъӣ дод.