Роҳпаймоии раисҷумҳур дар сафи пеши "Ҳанги ҷовидон"

Раисиҷумҳури Қирғизистон Сооронбой Жээнбеков бо акси бобояш дар "Ҳанги ҷовидон" ширкат мекунад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 9 май — Sputnik. Президенти Қирғизистон, "Ҳанги ҷовидон"-ро, ки дар маркази шаҳри Бишкек оғоз шуд, раҳбарӣ мекунад.

Раисиҷумҳур акси бобояш-Пирназаров Жээнбекро, ки иштирокчии ҶБВ мебошад, дар маросим намоиш медиҳад.

Сооронбой Жээнбеков гуфт, ки барои ӯ "Ҳанги ҷовидон" нишони хотираи абадии касоне ҳаст, ки ҷони худро барои Ватан фидо карданд. Ӯ ба ҷаҳониён ва мардуми Қирғизистон сулҳ орзу кард.

Эмомалӣ Раҳмон шарти муҳимтарини таъмини рӯзгори осударо гуфт

Ёдовар мешавем, ки соли гузашта низ Жээнбеков дар "Ҳанги ҷовидон" ширкат карда буд.

Дар Қирғизистон "Ҳанги ҷовидон" ҳамасола баргузор мешавад. Имсол ин маросим дар ҳамаи шаҳрҳои ин кишвар баргузор хоҳад шуд.

Мақомоти Тоҷикистон ҳам пас аз чанд сол расман ба роҳпаймоии “Ҳанги ҷовидон” иҷозат дод.

Бори ахир роҳпаймоии “Ҳанги ҷовидон” дар Толҷикистон соли 2016 баргузор шуда буд. Баргузории роҳпамоӣ он замон бо мақомот ҳамоҳанг шуда буд.

Аммо дар солҳои 2017 ва 2018 баргузории роҳпаймоӣ аз сӯи мақомоти Тоҷикистон манъ шуда буд. Вале новобаста аз манъи мақомот садҳо нафар сокинони Тоҷикистон худсарона бо аксҳои наздиконаш ба роҳпамоӣ баромада буданд.

Бино бар иттилои Вазорати тандурустии Тоҷикистон, дар ҳоли ҳозир дар кишвар 240 собиқадорӣ ҷанг ба сар мебарад, ки ҷавонтаринаш 93-сола мебошад.

Дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар соли 1941-1945 беш аз 300 ҳазор сокинони Тоҷикистон иштирок намуданд ва 92 ҳазори он ба хона барнагаштанд.

“Ҳанги ҷовидон” як раҳпаймоии ихтиёриест, ки соли 2011 бо ташаббуси гурӯҳи журналистони рус дар шаҳри Томск баргузор шуд. Ин чорабинӣ гашти сартосарии хешовандон – фарзанду набераҳо ва дигар наздикони ширкатдорони ҷанги солҳои 1941-1945-ро аз хиёбонҳои марказии шаҳр бо акси бузурги бобову бибии ширкатдори ҷангашон пешбинӣ мекунад.