Навор ба муносибати Ғалабаи бузург ва хотираи дастаи ҳунарии ба номи А.В. Александров, омода шудааст.
Қайд мекунем, ки ин навор дар шабакаҳои иҷтимоӣ маҳбубияти бештареро ба даст меоварад. Ҳамин тариқ, фақат дар шабакаи иҷтимоии "Одноклассники" онро беш аз 4,5 миллион одам тамошо кардааст.
Бори аввал дастаи ҳунарии ба номи Александров ин сурудро дар Толори консертии Чайковский соли 1944 хонда буд.
Он замон консерт тавассути радио пахш шуда, суруди "Смуглянка"-ро ҳамин тавр, бисёриҳо шунида буданду, вай зуд дар фронт ва ақибгоҳ шуҳрат пайдо кард.
"Смуглянка", ки дар матни он сухан роҷеъ ба воқеаҳои ҷанги шаҳрвандӣ мерафт, ҳамчун суруд дар бораи онҳое, ки барои озод кардани Молдова дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ мубориза мебурданд, пазируфта шуд.