Ӯро соли 1944 ба хизмати аскарӣ ба шаҳри Самарқанд бурданд ва ӯ ба полки тирандоз-пиёдагарди № 211 ҳамроҳ шуд. Сипас сарбози ҷавони тоҷикро ба ҷанг фиристода шуд ва аввалин таҷрибаашро дар ҷанг дар Украина ба даст овардааст. Ӯ дар озод намудани хоки Украина аз фашизм иштирок намуда, поёни Ҷанги Бузурги Ватаниро дар Чехословакия пешвоз гирифтааст.
Аҳмадҷон Ҳобилов дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон қиссаҳои ҷавонӣ ва иштирок дар Ҷанги Бузурги Ватаниро ба ёд овард.
“Рӯзи 8 - уми май буд. Мо дар шаҳри Лоубан қарор доштем. Он ҷо ҷанг хеле сахт мерафт. Аз ҳарду ҷониб ҳуҷум, тирпарронӣ беист ҷараён дошт. Снаряд ва бомбапартоӣ буд. Дар ин ҷо чандин ҳамяроқони ман аз зарби тир кушта шуданд. Пораҳои бомба сару рӯи маро ҳам захмин кард. Аммо Худоро шукр, ки ман дар он ман зинда мондам”.
Вай гуфт, ки ҷанг бар муқобили фашизм дар шаҳри Прага то дери шаби рӯзи 9 -уми майи соли 1945 давом кард.
“Соати яки шаб буд, ки садои бомбаборон якбора хомӯш шуд. Ин хомушӣ то саҳар идома кард. Ва рӯзи 10- уми майи соли 1945 эълон доштанд, ки ҷанг тамом шуд ва Давлати Шӯравӣ бар муқобили фашизм пирӯз шуд”, - гуфт куҳансарбоз Аҳмадҷон Ҳобилов.