Сабаби аниқтари фоҷиаи Шереметово маълум шуд

Нашриёти "Коммерсант" сабаби аслии фуруди изтирории ҳавопаймо дар фурудгоҳи Шереметоворо хатогии халабонҳо гуфт
Sputnik

ДУШАНБЕ, 7 май — Sputnik. Далели аслии суқути ҳавопаймои Sukhoi Superjet 100 дар Шереметово, хатогии халабонҳо аст, менависад, "Коммерсант" аз қавли коршиносон.

Қайд мешавад, ки халабонҳо суръати амудии ҳавопайморо зимни нишасти изтирорӣ баланд кардаанд, ки боиси бархӯрди дурушти дастгоҳи чархаи ҳавопаймо бо замин шудааст.

Ором! навор аз дохили ҳавопаймои оташгирифта дар Шереметово – видео

Дар дақиқаҳои аввали парвоз бо сабаби аз кор мондани дастгоҳи идоракунии автоматӣ, халабонҳо идоракуниро ба тарзи дастӣ анҷом доданд.  

Ҳайати халабонҳо изҳор доштаанд, ки дар пайи зарбаи раъду барқ дастгоҳҳои электронии ҳавопаймо корношоям гардида, онҳо водор ба бозгашти изтирорӣ ба Маскав шудаанд. Зимни нишасти изтирорӣ ва бархӯрд ба замин дастгоҳи чархаи ҳавопаймо шикаста, қисмати қафои ҳавопаймо аз соиш бо замин оташ гирифтаст.

Паёми Эмомалӣ Раҳмон ба Путин ва наздикони ҳалокшудагон дар Шереметово

Нуқси техникӣ ё касбияти паст: Кумитаи тафтишотии Русия сабабҳои эҳтимолии сӯхторро гуфт

Коршиносон, касбияти пасти халабонон ва диспечер, қазияи нуқси техникии ҳавопаймо, касбияти пасти нозирони қисми техникии ҳавопаймо, (ки пеш аз парвоз санҷиш мегузароннад) аз сабабҳои дигари сӯхтор медонанд.

Дар паи фоҷиаи Шереметово як ҷавони тоҷикистонӣ-Фатҳуддин Қурбонбекзода, ҳам қурбон шуд. Ӯ зодаи вилояти Хатлони Тоҷикистон аст.

Тибқи иттилои сафорати Тоҷикистон дар Русия, Қурбонбекзода дорои шаҳрвандии Русия буда, ҳамагӣ 28 сол доштааст. 

Қурбонбекзода ва Искандаров Наврӯз: нашри рӯйхати ҳалокшудагон дар Шереметово - видео

Масъулини намояндагии Тоҷикистон мегӯянд, феълан корҳо барои таҳқиқи ҷузъиёт идома доранд, намояндагони сафорат бо мақомоти Русия дар иртиботанд ва дар сурати пайдо шудани иттилои ҷадид онро ироа хоҳанд кард.

То ҳол мақомоти тафтишотии Русия ҳалокати 41 нафарро дар пайи фуруди изтирории “Sukhoi Superjet 100” дар фурудгоҳи Шереметево тасдиқ намудаанд. Ба иттилои РИА Новости аз 78 нафаре, ки дар дохили ҳавопаймо қарор доштаанд, 37 нафар, аз ҷумла 33 мусофиру 4 узви ҳайати халабонҳо наҷот ёфтаанд.

Нуқси техникӣ ё касбияти паст: Кумитаи тафтишотии Русия сабабҳои эҳтимолии сӯхторро гуфт

Ҳавопаймои “Sukhoi Superjet 100” шоми 5 май аз Маскав сӯи Мурманск баланд шуд, аммо баъди 28 дақиқаи парвоз ба Шереметево баргашт. Ҳайати халабонҳо изҳор доштаанд, ки дар пайи зарбаи раъду барқ дастгоҳҳои электронии ҳавопаймо корношоям шуда, онҳо водор ба бозгашти изтирорӣ ба Маскав шудаанд. Зимни нишасти изтирорӣ ва бархӯрд ба замин дастгоҳи чархаи ҳавопаймо шикаста, қисмати қафои ҳавопаймо аз соиш бо замин оташ гирифтаст.  

Дар пайи ин фоҷеа дар вилояти Мурманск се рӯзи мотам эълон шудааст.