Тағйироти кадрӣ дар Тоҷикистон

Тағйироти кадрӣ: 9 фармону 1 қарори Эмомалӣ Раҳмон

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон имрӯз бо имзои 9 фармону як қарор тағйироти кадриро амалӣ кард
Sputnik

ДУШАНБЕ, 6 май — Sputnik. Тибқи иттилои котиботи раисиҷумҳур, бо фармони Эмомалӣ Раҳмон, Хайрулло Амонулло бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз вазифаи раиси шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон озод карда шуд.  Бо фармонҳои дигар,  Иноятзода Баҳром аз мақоми раиси Истаравшан барканор шуда, иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон таъин гардид.

Калашников гуфт, хоҳиши Раҳмон хурсандиовар аст, аммо ҳоло иҷро кардан наметавонем - видео

Раисиҷумҳур фармон додааст, ки Қурбонзода Амирхон Файзулло иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Истаравшани вилояти Суғд таъин карда шавад.

Давлатзода Зарина Дилмурод иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Леваканти вилояти Хатлон таъин шуд. Ӯ дар ин мақом Самизода Санавбар Зайнуллоро иваз намуд, ки бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз вазифаи раиси шаҳри Леваканти вилояти Хатлон озод гардид.

Баҳодурзода Абдуҷаббор Саттор бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз вазифаи раиси ноҳияи Абдураҳмони Ҷомии вилояти Хатлон озод ва Ёқубзод Саид иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Абдураҳмони Ҷомии вилояти Хатлон таъин шудааст.

Инчунин бо қарори Ҳукумат Раҳимзода Султон Нурмаҳмадпур аз вазифаи муовини якуми вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон озод карда шуда, бо фармони Эмомалӣ Раҳмон ба мақоми сафири Тоҷикистон дар Ҳиндустон таъин гардид.