Ғолибони мусобиқаи ҷумҳуриявии чавгонбозӣ дар Кӯлоб муайян шуданд

Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон аз анҷоми мусобиқаи чавгонбозӣ дар шаҳри Кӯлоб хабар дод
Sputnik

ДУШАНБЕ, 5 май — Sputnik. Ба иттилои манбаъ, мусобиқаи мазкур дар доираи  нақшаи чорабиниҳои Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумат бахшида ба солҳои “Рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” баргузор гардид.

Андози камтар диҳед: сабукии президент барои рушди футболи Тоҷикистон

Кумитаи миллии олимпӣ афзуд, дар мусобиқаи ҷумҳуриявии чавгонбозӣ ҷавонони соли таваллудашон 1999-2002 иштирок намуданд.

“Дар мусобиқа дастаҳои чавгонбозони шаҳри Душанбе, Хатлон-1, Хатлон-2, ШНТМ – шаҳру навоҳии тобеи марказ иштирок карданд”, - омадааст дар иттилоя.

Дар пайи қувваозмоиҳо барои ишғоли ҷои сеюм дастаи ШНТМ бар тими Хатлон-1 бо ҳисоби 2:1 ғалаба кардааст.

Дастаҳои Хатлон-2 ва Душанбе дар бозии ниҳоӣ барои ишғоли ҷои якум неру санҷиданд ва ниҳоят чавгонбозони ҷавони шаҳри Душанбе ба гирифтани медалҳои тиллои мусобиқа сарфароз гардиданд. Кумитаи миллии олимпӣ афзуд, ғолибону ҷоизадорон бо медал ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ шуданд.