ДУШАНБЕ, 5 май — Sputnik. Раисиҷумҳури Тоҷикистон ин иқдомро савоби ҷория гуфта, таъкид намуд, ки аз баракати ин кор тамоми хонавода бархӯрдор хоҳанд буд.
“Вақтҳои охир як қисми ҳамватанони мо маблағҳои ба нияти ҳаҷ ҷамъовардаашонро барои корҳои хайр, аз ҷумла бунёди мактабу марказҳои саломатӣ, бунгоҳҳои тиббӣ, таъмири роҳу пулҳо, кашидани хатти оби нӯшокӣ ба маҳалли зисти худ, тармиму обод кардани манзили зисти хеш ё шахсони камбизоат сарф карда истодаанд, ки ин амал, албатта, боиси дастгириву таҳсин мебошад”, - изҳор дошт Эмомалӣ Раҳмон.
Раисиҷумҳур афзуд, тибқи таълимоти Ислом чунин корҳо савоби ҷория мебошад, ки аз баракати он худи шахсони хайрхоҳу ҳимматбаланд ва аҳли хонадони онҳо ба таври доимӣ баҳравар мегарданд.
“Бовар дорам, ки чунин раванди неку созанда дар доираи омодагӣ ба сисолагии истиқлолияти Тоҷикистони азизамон вусъати бештар пайдо мекунад ва мо ин ҷашни бузурги миллиамонро дар шароити орому осудаи Ватанамон ва зиндагии аз имрӯза хеле беҳтари халқамон истиқбол мегирем”, - изҳор дошт Эмомалӣ Раҳмон дар паёми шодбошияш ба муносибати моҳи Рамазон.
Ин дар ҳолест, ки ахиран барои ҳоҷиён дар Тоҷикистон ба андозаи 50 доллари амрикоӣ хироҷ ҷорӣ гардид.
Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Тоҷикистон, соли равон арзиши адои Ҳаҷ барои як нафарро 35 ҳазору 128 сомонӣ муқаррар кардааст.