Маълум аст, ки наворро волидони кӯдак гирифтаанд. Тифл чанд бор даҳонашро ба ҷониби хӯрок наздик мекунад, аммо ба вай намедиҳанд.
Ӯ ноумед намешавад ва боз ба тарафи шаурма даҳон мекушояд, аммо боз намедиҳанд. Ин кори вай шояд барои волидонаш аҷиб менамояд, ки қоҳҳоси хандаи онҳо шунида мешавад.
Шаурма - хӯроки арабист, ки дар дигар кишварҳо низ маъмул шудааст. Хӯрокро аз нони тунук, гӯшти гов ё мурғ ва сабзавот омода мекунанд. Бо сабаби роҳат будани хӯрдани шаурма он бештар дар шаҳрҳои бузург маъмул шудааст.