Соҳибкор барои ворид намудани доруҳои пастсифат ба 6 соли зиндон маҳкум шуд

Додгоҳи ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе Қурбонов Фарҳод Ҳисайнович бо моддаи моддаи 210 иловаи 1, қисми 3, банди «б»-и КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста ба муҳлати 6 сол аз озоди маҳрум намудааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 2 май — Sputnik.  Додгоҳи  ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе сокини вилояти Хатлонро барои ғайриқонунӣ ба ҷумҳурӣ ворид намудани маводи дорувории муҳлати истифодаашон гузашта ба 6 соли зиндон маҳкум кард, иттилоъ додааст дафтари матбуоти Додситонии кулли Тоҷикистон.

Савдои нашъа дар марз бо Афғонистон: 13 соли зиндон ба сокини Хоруғ барои қочоқи ҳашиш

Тибқи иттилои манбаъ ҳукми додгоҳи ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе нисбати Қурбонов Фарҳод Ҳисайнович 15 феврали соли равон содир шудааст.

“Номбурда  бо моддаи моддаи 210 иловаи 1, қисми 3, банди «б»-и КҶ Тоҷикистон гунаҳгор дониста шуда, ба ӯ бо ин модда ба муҳлати 6 (шаш) сол маҳрум сохтан аз озодӣ дар колонияҳои ислоҳии дорой низомаш пурзӯр адои ҷазо таъин гардида, ба муҳлати 2 (ду) сол аз ҳуқуқи фаъолияти соҳибкорӣ-фурӯши маводҳои формасевтӣ маҳрум карда шуд”, - таъкид намудааст манбаъ.

Манбаъ қайд намудааст, ки Қурбонов Фарҳод Ҳисайнович, соли таваллудаш 1996, сокини Вилояти Хатлон бо мақсади ба даст овардани фоидаи муфт, 19 октябри соли 2018 аз шаҳри Истамбули Туркия 7 номгуи маводҳои дорувории “Dostinex 0,5 mg 8 tablet- 132 қуттӣ, “AZOPT” 1% Steril Oftalmik Suspansion 5mg-93 қуттӣ, “GERICA 300mg №56 Kapsul”- 295 қуттӣ, “Kreon 10000 IU100 Kapsul”-48 қуттӣ, “Kreon 25000 IU100 Kapsul”-1 қуттӣ, “NUROFEN200 mgdraje” - 198 қуттӣ ва “Advantan Krem 0,1% 30 g”- 42 қуттӣ, ки ба талаботи стандартҳои муқарраршуда ҷавобгуй намебошанд, ба маблағи умумии се ҳазор доллар харидорӣ намуда, ғайриқонунӣ, бе иҷзозатномаи Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон ба ҳудуди Тоҷикистон ворид намудааст.

Додгоҳи Душанбе Иномҷон Раҷабалиевро ба 18 соли зиндон маҳкум кард

Гуфта мешавад, нисбати Қурбонов мутобиқи моддаи 210 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон (Ғайриқонунӣ машғул шудан ба фаъолияти амалии хусуии тиббӣ ва фаъолияти  хусусии фармасевтӣ) парвандаи ҷиноятӣ боз шуд.

“Бо қарори суди ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе Фарҳод Қурбонов ба 6 соли зиндони низомаш сахт маҳкум гардида, ҳамчунин ӯ ба муддати ду сол аз ҳуқуқи машғул шудан ба фаъолияти соҳибкорӣ - фурӯши маводи фармасевтӣ маҳрум карда шуд”, - зикр шудааст дар хабари Додситонии кулли Тоҷикистон.