Рэпи нави президенти Туркманистон: матни худашу оҳанги наберааш - видео

Қурбонгулӣ Бердимуҳаммедов, раисиҷумҳури Туркманистон охири ҳафтаи гузашта дар бораи курраи асп бо лақаби “Ровач”, ки маънии хушиқболро дорад, рэп хонд
Sputnik

Раисиҷумҳури Туркманистон матни рэпро худаш эҷод карда, дар пойгаи бахшида Иди миллии аспи туркманӣ иҷро намуд, хабар дод РИА  Новости. Муаллифи оҳанг -  набераи раисиҷумҳур, Каримгулӣ муаррифӣ шуд, ки зимни иҷрои рэп бо бобояш ҳамовозӣ кард.

Раисҷумҳур дар Instagram cаҳифа боз кард

Рэпи мазкур ба тойе бахшида шудааст, ки аввали соли равон Искандар Муликов, вазири умури дохилии Туркманистон ба раисиҷумҳур туҳфа кардааст. Бердимуҳаммедов бо назардошти он, ки ин той дар рӯзи нахустини соли 2019 – соли таваллуд шудааст, тойро “Ровач” ном гузоштааст.

Ин дуюмин рэпхонии Қурбонгулӣ Бердимуҳаммедов дар пеши омма мебошад. Ӯ моҳи июли соли 2018 рэп дар мавриди Туркманистони варзиширо иҷро намуд, ки матни он низ моли худи раисиҷумҳур ва оҳанги он маҳсули эҷоди наберааш буд.