ДУШАНБЕ, 26 апр - Sputnik. Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон, ҷонибҳо ҳамкорӣ дар соҳаҳои иқтисоду тиҷорат, сармоягузорӣ, татбиқи муштараки лоиҳаҳои соҳавӣ, ифтитоҳи корхонаҳои муштараки истеҳсолӣ, илм, фарҳанг, маориф ва сайёҳиро баррасӣ намуданд.
Манбаъ афзуд, ки Ули Маурер дар навбати худ гуфт, “мо бо Тоҷикистон ҳамчун кишвари калидӣ дар Осиёи Марказӣ ҳамкории хуб дорем ва оянда ҳам кушиш мекунем ин ҳамкориро бар нафъи мардумонамон идома диҳем”.
Котиботи раисиҷумҳури Тоҷикистон таъкид кард, ки ҷонибҳо дар бораи фаъолсозии муколамаи сатҳи олии сиёсӣ, нақши Комиссияи байниҳукуматии ҳамкориҳои иқтисодӣ, пурзӯр кардани низоми бонкӣ ва барқарорсозии алоқаи мустақими ҳавоӣ байни Тоҷикистону Швейтсария табодули андеша намуданд.
Густариши робитаҳои иқтисодию тиҷоратӣ, рушди соҳаи сайёҳӣ, таҳкими робитаҳо дар арсаи байналмилалӣ, дар доираи ташкилотҳои бонуфузи минтақавию ҷаҳонӣ, аз қабили Созмони Милали Муттаҳид ва Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо аз мавзӯъҳои дигари ин мулоқот будаанд.
Дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон иттилоъ дод, ки дар охири мулоқот Эмомалӣ Раҳмон аз президенти Швейтсария даъват кард, ки дар вақти барояш муносиб бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон ташриф орад.