Асосиатсияҳои сохтмончиёни Тоҷикистону Урдун Ёддошти тафоҳум ба имзо расониданд  

Ҳайати соҳибкорону намояндагони Урдун бо роҳбарияти кумитаҳои давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, сохтмон ва меъморӣ, Ассотсиатсияи сохтмончиёни Тоҷикистон мулоқот анҷом доданд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 24 апр – Sputnik. Байни  Асосиатсияи  сохтмончиёни Тоҷикистон Шоҳигарии Ҳошимии Урдун Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид, иттилоъ додааст агентии “Ховар”.

Имзои санади мазкур ҳамкории  иморатсозони Тоҷикистону  Урдунро  тақвият бахшида, барои  дар оянда рушд ёфтани он шароити мусоид фароҳам меорад.

Ширкатҳои сохтусоз дар Душанбе барои як метр сохтмон то 23,3 доллар пардохт мекунанд

Ба иттилои манбаъ ин санади ҳамкорӣ  дар доираи сафари ҳайати соҳибкорон ва аъзои Ассотсиатсияи ширкатҳои сохтмонии Шоҳигарии Ҳошимии Урдун ба Тоҷикистон, ки аз 15 то 21 апрели соли равон сурат гирифт,  ба имзо расид.

Ҳадафи сафари  аъзои Ассосиатсияи  ширкатҳои сохтмонии Шоҳигарии  Ҳошимиии Урдун ба Тоҷикистон  ба роҳ мондани робитаҳои мустақим бо ширкатҳои ватанӣ, табодули таҷриба дар соҳаи  меъморӣ ва татбиқи лоиҳаҳои муштараки сохтмонӣ арзёбӣ мегардад.

Зимни сафар ба Тоҷикистон  ҳайати соҳибкорону намояндагони Урдун бо роҳбарияти кумитаҳои давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, сохтмон ва меъморӣ, Ассотсиатсияи сохтмончиёни Тоҷикистон ва як зумра  ширкатҳои сохтмонии ҷумҳурӣ мулоқот анҷом доданд.

Онҳо ҳамчунин аз ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар иншооти аз ҷониби  ширкатҳои ватанӣ бунёдшаванда боздид намуданд.