ДУШАНБЕ, 20 апр — Sputnik. Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имрӯз, пас аз ифтитоҳи Амфитетар дар боғи ба номи Абулқосим Фирдавсӣ, бо сокинони пойтахт мулоқот кард.
Камераҳои назоратӣ: Эмомалӣ Раҳмон ва Рустам дар Душанбе Амфитеатр кушоданд
Раисҷумҳур гуфт, ки дар доираи нақшаи чорабиниҳои вобаста ба таҷлили ҷашни 30 – солагии истиқлолияти давлатӣ дар се соли оянда дар пойтахт бунёди 74 корхонаи саноатӣ бо таъсис додани ҳазорҳо ҷойи нави корӣ пешбинӣ шудааст.
"Субҳи имрӯз мо ба корҳои азнавсозии корхонаи коркарди ғалла оғоз бахшидем, ки бояд то охири сол ба фаъолият шурӯъ карда, садҳо нафар сокинони шаҳрро ба ҷойи кори доимӣ таъмин намояд",-гуфт раисҷумҳур.
Орд арзон мешавад: раисҷумҳур ба навсозии корхонаи бузурги истеҳсоли орд оғоз бахшид
Эмомалӣ Раҳмон аз корхонаҳои аз фаъолият бозмонда ёдовар шуда ба масъулин дастур дод, ҳарчӣ зудтар ин масъаларо ҳал кунанд.
"Вобаста ба масъалаи корхонаҳои истеҳсолӣ бори дигар хотиррасон месозам, ки роҳбарону масъулони шаҳр дар хусуси ҳарчи зудтар ба кор андохтани корхонаҳои аз фаъолият бозмонда ва муҳайё намудани ҷойҳои иловагии корӣ чораҷӯӣ карда, дар сурати зарурат доир ба дигар кардани шакли моликият ва соҳибмулкони онҳо тадбирҳои фаврӣ андешанд".
Дар робита ба масъалаи нерӯи барқ Эмомалӣ Раҳмон гуфт, ки "дар шаҳр то ҳанӯз ҳолатҳои истифодаи исрофкоронаи он зиёд мушоҳида мешаванд ва зарур аст, ки корҳои фаҳмондадиҳӣ дар ин самт, инчунин, доир ба пардохти саривақтии маблағи барқи истифодашуда тақвият бахшида шаванд".
Президент гуфт, ҳудуди Душанбе аз ҳисоби ноҳияи Рӯдакӣ 8 гектар васеъ мешавад