Боздошти як нашъаҷаллоби дигар дар вилояти Хатлон

Кормандони мақооти дохилӣ барои датгир кардани гумонбар харидори шартиеро бо лақаби "Тӯра" фиристодаанд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 20 апр — Sputnik. Дар вилояти Хатлон як нашъаҷаллоб боздошт ва ба даҳ соли зиндон маҳкум шудааст.

Тавре дафтари матбуоти Додситонии кулли Тоҷикистон хабар медиҳад, Кормандони мақооти дохилӣ барои датгир кардани гумонбар харидори шартиеро бо лақаби "Тӯра" фиристодаанд.

Гуфта мешавад, Ибодов Муниршоҳ Маҳмадиевич ғайриқонунӣ ба муомилоти маводи нашъадор машғул мешуд.

Ӯ барои ба даст овардани фоида дар шаҳри Бохтари вилояти Хатлон ба шахси ба мақомоти корҳои дохилӣ мусоидаткунанда ба номи шартии "Тура" микдори 30,9 грамм маводи нашъадори навъӣ афюнро фурӯхтааст.

Нашъаҷаллоб 8 сол ҳукм гирифт

Мақомот Ибодовро дар ҷойи ҳодиса ҳодиса дастгир кардаанд.

Додситонии кулл меафзояд, нисбати Ибодов М.М. бо моддаи 200 қисми 3 банди "а" Кодексы ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ огоз карда шуд.

Баъди бо анҷоми тафтишоти пешакӣ ба суди вилояти Хатлон пешниҳод гардид. Ибодов М.М. бо ҳукми суд гунаҳгор дониста, 10 сол аз озодӣ маҳрум гардидааст.