Ҷаласаи Расулзода: дар Тоҷикистон барӯйхатгирии аҳолӣ баргузор мешавад

Ин маърака дар кишвар дар асоси қатънома (қарори хаттӣ) - и СММ соли 2020 баргузор хоҳад шуд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 19 апр — Sputnik. Имрӯз 19 апрел Қоҳир Расулзода, нахуствазири Тоҷикистон дар як нишаст бо масъулин маъракаи барӯйхатгирии навбати аҳолиро дар Тоҷикистон баррасӣ кард.

Маҷлисро сарвазир, ки раиси Комиссияи давлатии мусоидати барӯихатгирии аҳолӣ низ ҳаст, роҳбарӣ карда, дар он роҳбарони вазорату идораҳо, муовинони раисони ВМКБ, вилоятҳои Хатлон, Суғд, шаҳри Душанбе, раисони шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ширкат намуданд.

Бино бар иттилои Расулзода, давраи навбатии барӯйхатгирии аҳолӣ дар Тоҷикистон мувофиқи қатъномаи СММ соли 2020 баргузор мешавад.

"Барӯихатгирии  аҳолӣ ва фонди манзил маъракаи дорои аҳамияти муҳими давлатӣ маҳсуб меёбад, зеро он имкон медиҳад, ки  роҷеъ ба саршумори умумии аҳолӣ аз рӯи нишонаҳои муайяни иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва демографӣ маълумоту рақамҳои тоза ва  пурра  ба даст оварда шаванд ва  омори мукаммали демографӣ таҳия гардад", - таъкид дошт нахуствазир.

Муборак! аҳолии Тоҷикистон 9-миллион нафар шуд

Ӯ афзуд, ки омодагӣ дар баъзе аз ноҳияву шаҳрҳо хуб ҷараён гирифта, дар бархеи дигар қаноатбахш нест.

Дар охир Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳбарони вазорату идораҳои дахлдор ва мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатӣ ҷиҳати рафъи камбудиҳои ҷойдошта ва боло бурдани суръат ва сифати корҳои омодагӣ ба барӯихатгирии аҳолӣ ва фонди манзил дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2020 дастуру супоришҳои мушаххас дод.

Барӯйхатгирии аҳолиро на камтар аз як бор дар даҳ сол ё ҳангоми барӯйхатгирии навбатии аҳолии ҷаҳон доир карда мешавад. Қарор дар бораи баргузории Барӯйхатгирии аҳолиро ва муҳлати он на дертар аз 5 сол то оғози барӯйхатгирӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул карда мешавад.

Як модар дар Душанбе сегоник таваллуд кард

Дар Тоҷикистон баъди ба даст даровардани истиқлол ду дафъа Барӯйхатгирии аҳолиро баргузор шудааст. Бори якум  20–27 январи 2000 доир шуда буд. Дар он давра мувофиқи маълумоти оморӣ шумораи аҳолии доимии шаҳрҳо нисбат ба с. 1989 (тибқи Барӯйхатгирии аҳоли пешина) аз 1 млн 668 ҳазор то 1623 ҳазор нафар кам шуда, шумораи аҳолии доимии деҳот баръакс аз 3441 ҳазор то 4504 ҳазор нафар зиёд шудааст.

Ҳамин тарз, дар давоми 11 сол (1989–2000) ҳиссаи аҳолии доимии шаҳрҳои Тоҷикистон аз 32,5 дарсад то 26,5 дарсад кам шуда, аҳолии доимии деҳот, баръакс, аз 67,5 дарсад то 73,5 дарсад афзудааст. 

Бори дуюм мувофиқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барӯйхатгирии аҳолӣ аз 21 то 30 сентябри 2010 дар қаламрави ҷумҳурӣ  баргузор шуд. Аз рӯйи маълумоти  шумораи аҳолии доимии мамлакат ба ҳолати 21 сентиябри 2010-ум 7565 ҳазор нафарро ташкил кард. Шумораи аҳолии ҷумҳурӣ (дар январи 2010) нисбат ба с. 2000-ум 1438 ҳазор нафар ё 23 дарсад, дар муқоиса бо ҳисобу китоби маълумоти аввали с. 2010, 35,4 ҳазор нафар ё 0,5 дарсад зиёд шудааст.

Шумори тоҷикон дар 16 соли ахир дар Қирғизистон 7,5 ҳазор афзоиш ёфт

Ин зиёдшавии шумораи аҳолӣ дар ҷумҳурӣ аз ҳисоби афзоиши табиӣ ва пеш аз ҳама, аз ҳисоби нишондиҳандаҳои баланди таваллуд ва болоравии шумораи таваллуд нисбат ба фавт ба вуҷуд меояд. Сарфи назар аз муҳоҷирати аҳолӣ ба хориҷи ҷумҳурӣ, дар с. 2010 нисбат ба с. 2000 шумораи аҳолии шаҳрҳо 379 ҳазор нафар ё 23,3 дарсад, аҳолии деҳот 1059 ҳазор нафар ё 23,5 дарсад афзудааст.

Ҷараёни шаҳришавӣ (урбанизатсия), ки то с. 2000 дар сатҳи ҷумҳурӣ дар авҷ буд, мувофиқи ҷамъбасти пешакии Барӯйхатгирии аҳоли ва фонди манзили с. 2010 муътадил гашта, таносуби аҳолии шаҳру деҳот 27 дарсади аҳолии шаҳр ва 73 дарсади аҳолии деҳотро ташкил кард. Д. Амонова.