Ҷоми КФО дар гуруҳи “Д”: “Хуҷанд” ғолиб шуд, “Истиқлол” мусовӣ кард

Дирӯз дар доираи даври дуюми бозиҳои Ҷоми КФО дар гурӯҳи “Д” дастаи “Хуҷанд”-и Хуҷанд “Дордой”-и Қирғизистонро бо натиҷаи 3:1 шикаст дод
Sputnik

ДУШАНБЕ, 18 апр – Sputnik. Дирӯз дар доираи даври дуюми бозиҳои Ҷоми КФО дар гурӯҳи “Д” дастаи “Хуҷанд”-и Хуҷанд дар Варзишгоҳи “20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон” “Дордой”-и Қирғизистонро бо натиҷаи 3:1 шикаст дода, нахустин ғалабаи худро дар ин мусобиқа ба даст овард, иттилоъ додааст агентии “Ховар”.

Футбол ба ҷои тиру санг: “Дӯстӣ – 2019” бо иштироки Шоҳ Искандар ва фаъолони тоҷику қирғиз

“Истиқлол”-и Душанбе дар бозии сафарии худ дар Ашқобод дар баробари чемпиони Туркманистон – “Алтин Асир” қарор гирифта, натиҷаи мусовии 1:1-ро ноил гардид, афзудааст манбаъ.

Дастаи “Хуҷанд” таҳти роҳбарии сармураббии нави худ Виталий Левченко яке аз вазифаҳои мураккаби худ-ғалаба дар муқобили чемпиони Қирғизистон – “Дордой”-и Бишкек бо сари баланд иҷро кард, гуфтааст шореҳи варзиши Аловиддин Буриев.

 Дар дидори дастаҳои “Алтин Асир” ва «Истиқлол» дар варзишгоҳи “Копетдаг” ғолиб муайян нагардид.

Баъди ин мусовӣ “Истиқлол” соҳиби 4 имтиёз гардида, дар зинаи аввал мавқеашро устувор кард. “Хуҷанд” бо се хол ба зинаи дуввум баромад.

Ҷоми КФО-2019

Минтақаи марказ. Гурӯҳи “D”. Даври 2-юм

“ХУҶАНД” (ТОҶИКИСТОН) – “Дордой” (Қирғизистон) – 3:1

Голҳо: Бекҷан Сагинбаев, 17 (0:1). Дилшод Восиев, 42 (1:1). Дилшод Восиев, 63 (2:1). Ҷахонгир Эргашев, 89 – аз пенальти (3:1).