ДУШАНБЕ, 14 апр — Sputnik. Дар ҷаласаи Шӯро лоиҳаи иловаи тағйирот ба қонунҳо ба “Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2019” ва лоиҳаи қонун “Дар бораи танзими давлатии нархгузорӣ” баррасӣ карда шуд.
Тағйиротро Шариф Раҳимзода, раиси Кумитаи иқтисод ва молияи Маҷлиси намояндагон ва Қобилҷон Абдуқодиров, мудири шуъбаи ҳуқуқи дастгоҳи Маҷлиси намояндагон муаррифӣ карданд.
Инчунин лоиҳаи қонунҳо “Дар бораи фарҳанг”, лоиҳаи тағйиру иловаҳо ба қонун “Дар бораи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор” баррасӣ гардидаанд.
Дар охир аъзои Шӯро қарор “Дар бораи даъват намудани ҷаласаи навбатии Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум” ва лоиҳаи қарор дар бораи рӯзномаи иҷлосияи панҷумро қабул кардаанд.