Дар навори Sputnik Тоҷикистон санъати хонасозии тоҷиконро тамошо кунед.
Дар бештари деҳаҳои кишвар то ҳол дар бунёди манзил аз таҷрибаи бобову бобокалонҳо истифода мекунанд - асоси бино санг (ҳоло дар бештар ҳолат семент) ва устухони он чӯбу хишт аст.
Тарзи омода кардани хишт ҳам ба ҳар тоҷики деҳотӣ ошно - лойро хуб "мепазонанд" ва дар қалаби махсус меандозанду хушк мекунанд.
Боми бино низ бо чӯб, лой ва хасу хошок иборат аст.
Қисми зеботарини он - пештоқ аст, ки бо чӯби кандакоришуда оро дода мешавад.
Дохили хона дар аксар ҳолат оддӣ - деворҳо рангу бор шуда, токҷевон насб карда мешавад.