Пирӯзии дастаи мунтахаби наврасони то 15-солаи Тоҷикистон ба дастаи Миянмор

Дар вохӯрии дуввум бозингарони навраси Тоҷикистон  дастаи Миянморро низ  бо ҳисоби 5:0 шикаст доданд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 9 апр – Sputnik. Дастаи  мунтахаби наврасони то 15-солаи Тоҷикистон дирӯз дар даври дуюми мусобиқаи байналмилалии Ҷоми “Роҳи абрешим – Ҳуа Шан” (Silk Road – Hua Shan Cup-2019) дар Чин бар дастаи мунтахаби Миянмор бо натиҷаи 5:0 ғалаба карда, мавқеашро дар садри ҷадвали мусобиқа нигоҳ дошт.

Футбол ба ҷои тиру санг: “Дӯстӣ – 2019” бо иштироки Шоҳ Искандар ва фаъолони тоҷику қирғиз

Дар ин бора равобити умумии Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад.

 Дар даври аввали бозиҳо футболбозони навраси мамлакат дастаи мунтахаби Қирғизистонро дар ин поя бо натиҷаи 8:0 шикаст дода буданд.

Дар вохӯрии дуввум бозингарони навраси Тоҷикистон  дастаи Миянморро низ  бо ҳисоби 5:0 шикаст доданд.

Голҳоро Хусрав Тоиров (23-юм дақиқа), Меҳрубони Абдурауф (27-ум дақиқа), Муҳаммадворис Сайдалиев (53-юм дақиқа, аз пеналтӣ), Абдулфаттоҳ Худойдодзода (57-ум дақиқа) ва Муҷовид Шовайсудинов (90-ум дақиқа) ба самар расониданд.

Дастаи мунтахаби наврасони то 15-солаи мамлакат дар  бозии ҳалкунанда бо дастаи мунтахаби Чин-мизбони бозиҳо вориди сабқат мешавад. Танҳо ғалаба ва мусовӣ бо бартарии тӯбҳо дастаи мунтахаби Тоҷикистонро барандаи Ҷом хоҳад кард.