Путин дар бораи Матвиенко: ӯ сиёсатмадори ҷасур аст

Валентина Матвиенко, архивное фото
Президенти Русия Владимир Путин ба хусусиятҳои шахсӣ ва кории Матвиенко баҳои баланд дод.
Sputnik

ДУШАНБЕ, 7 апр – Sputnik. Раиси Шӯрои Федератсияи Русия Валентина Матвиенко 70 сола мешавад. Президенти Русия Владимир Путин дар бораи хусусиятҳои шахсӣ ва малакаи корбарии маъруфтарин зан-сиёсатмадори Русия нақл кард.

"Валентина чанд хусусияте дорад, ки ӯро аз дигар ҳамкорон ба куллӣ фақр мекунонад. Аввал ин ки ӯ медонад дар бораи чӣ мегӯяд. Дуюм ин ки ӯ ҳамеша ба натиҷаи мушаххас ноил мегардад. Ӯ барои расидан ба натиҷае кор мекунад. Сеюм, ки хеле муҳим аст, ӯ фикри худро дорад, ки дар асоси таҷрибаи худӣ такомул ёфтааст.

"Ва чизе, ки хеле муҳим аст, ӯ аз гуфтани фикри худ, ҳатто дар сурате ки аксаран бо ӯ розӣ нестанд, ҳарос надорад",-гуфт Путин дар филми "Валентина", ки тариқи шабакаи "Россия 1" намоиш дода шуд.

Президент РФ В. Путин, архивное фото
Киро Владимир Путин ба ҷои "худ" сазовор медонад?

Дар бораи Валентина Марвиенко чӣ медонем?

Валентина Ивановна  7 апрели соли 1949 ба дунё омадааст. Замони духтарӣ насабаш Тютина будааст. Матвиенко – насаби ҳамсараш Владимир Василевич мебошад.

Валентина ва ҳамсараш дар як донишгоҳ таҳсил кардаву дар курси 5-ум хонавдор шудаанд. Владимир Матвиенко – полковник буд. Ӯ 29 августи соли  2018 даргузашт.

Соли 1973 дар хонаводаи Матвиенко писар-Сергей Матвиенко, ки дар ҳоли ҳозир соҳибкори маъруф мебошад, ба дунё омадааст.

Валентина Матвиенко аз соли 2011 инҷониб раиси Шӯрои Федератсия мебошад. То ин дам ӯ губернатори Санкт-Петербург буд.

Пештар Матвиенко дар вазифаҳои муовини раиси ҳукумати Русия ва сафири ин кишвар дар Юнон ва Малт фаъолият кардааст.