Нигаронии Убайдуллоев аз афзоиши фасодкории мақомдорон ва эродаш аз Юсуф Раҳмон

Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси Маҷлиси миллии Тоҷикистон мегӯяд, фасодкорӣ дар кишвар майли афзоиш дорад ва ягон минтақа дар ин бахш истисно нест
Sputnik

ДУШАНБЕ, 7 апр — Sputnik. Убайдуллоев дар хитоб ба Юсуф Раҳмон, додситони кулли Тоҷикистон гуфт, дар самти мубориза бо амалҳои коррупсионӣ ва сабабу омилҳои ба он мусоидаткунанда назорати прокурорӣ қаноатбахш намебошад.

Парвандаи ҷиноӣ алайҳи 22 корманди “Барқи тоҷик”

Раиси Маҷлиси миллӣ ҳафтаи гузашта дар ҷаласаи палатаи болоии парлумон бо такя ба омори Ожонси зидди фасод гуфт, ҳуқуқвайронкуниҳое, ки ба амалҳои коррупсионӣ вобастагӣ доранд, назар ба як соли пеш 12 фоиз зиёд шудааст, ки боиси ташвишу нигаронист.  Убайдуллоев изҳороти Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистонро зикр кард, ки пайваста таъкид мекунад, “хизматчии давлатӣ бояд дасту дили пок дошта бошад, ба моликияти давлат бо чашми бад нанигарад, ба амалҳои коррупсионӣ даст назанад”.

Раиси Маҷлиси миллӣ бо таассуф изҳор дошт, ки фасодкории мақомдорони давлатӣ рӯй ба афзоиш аст.

“Мутаассифона, амалҳои коррупсионӣ дар мақомоти давлатӣ кам нашуда, рӯ ба афзоиш доранд ва ягон минтақаи ҷумҳурӣ аз он истисно нест”, - изҳор дошт Убайдуллоев.

Таҳлили дигари дастгоҳи Президент: лағви 700 қарори раисон ва супориши 1 ба прокурорҳо

Ӯ дар идома аз Юсуф Раҳмон эрод гирифт, ки дар ҳисоботаш ба Маҷлиси милллӣ, аз хусуси чораҳои мушаххаси нисбат ба ин гуна шахсон маълумот оварда нашудааст.

Дар умум Убайдуллоев таъкид намудааст, ки дар фаъолияти мақомоти прокуратура пешравӣ ҳаст, вале лозим аст, ки дастовардҳоро аз нигоҳи танқидӣ андоза кунем.

“Инчунин, зарур аст фаъолияти хешро бознигарӣ намоем, аз он хулосаи дурусту оқилона барорем. Дарку фаҳмиши қонун ва моҳияти он ҳар кадоми моро уҳдадор менамояд, ки вазифаҳои хешро бо масъулияти баланди ватандӯстӣ ба ҷо оварда, дар шукуфоии Ватани азизамон саҳми муносиб гузорем”, - изҳор доштааст Убайдуллоев, ки матни суханронияшро нашрияи парлумонии “Садои мардум” чоп кардааст.