Додгоҳи Душанбе Иномҷон Раҷабалиевро ба 18 соли зиндон маҳкум кард

Мурофиаи додгоҳии Иномҷон Раҷабалиев, ки барои ифротгароӣ ба 18 соли зиндон маҳкум шуд
Додгоҳи шаҳри Душанбе шаҳрванд Иномҷон Раҷабалиевро ба 18 соли зиндони низомаш сахт маҳкум кард
Sputnik

ДУШАНБЕ, 7 апр — Sputnik. Тибқи иттилоияи Додгоҳи Душанбе эълони ҳукм ҳафтаи равон сурат гирифт.

Здание энергохолдинга Барки точик, архивное фото
Парвандаи ҷиноӣ алайҳи 22 корманди “Барқи тоҷик”

Манбаъ мегӯяд, Раҷабалиев Иномҷон Маҳмадҷонович бар асоси ду моддаи Кодекси ҷиноӣ – 401 замимаи 1 ва 307 замимаи 3 гунаҳкор дониста шуд.

Моддаи 401 замимаи 1 ҷазо барои иштироки ғайриқонунии шаҳрвандони Тоҷикистон дар задухӯрдҳои мусаллаҳ дар қаламрави кишварҳои дигарро пешбинӣ кардааст.

Моддаи 307 замимаи 3-и Кодекси ҷиноӣ, муҷозот барои иштирок дар  фаъолияти ташкилоте, ки суд фаъолияташро бинобар ифротгароӣ мамнуъ кардааст, пешбинӣ менамояд.

Додгоҳи Душанбе 4 апрел Раҷабалиевро бар асоси ин ду модда гунаҳкор дониста ба 18 соли зиндони низомаш сахт маҳкум кард.