Ногуфтаҳои Нигина: намехоҳам шавҳарам зери таъсири моҷарое монад, ки атрофи ман месозанд

Ҳунарманд мегӯяд, ӯро на як бору ду бор аз зиндагии шахсиаш пурсидаанд. Зиддияти модараш ҳам дар роҳи ба саҳна омадан - ҳамин далел буд - атрофи ҳунармандон овозаҳо зуд паҳн мешаванд ва мардум онро баъзан муболиға ҳам мекунанд. Аммо Нигина намехоҳад, ки хонаводааш зери таъсири моҷарое монанд, ки дар бораи ӯ месозанд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 5 апр - Sputnik.  Нигина Амонқулова, ҳунарманди номӣ дар сӯҳбат бо рӯзноманигори тоҷик Орзу Исоев дар барномаи "Ногуфтаҳо" аз ногуфтаҳояш гуфтааст. Ин сӯҳбати ситораи шоу-бизнеси тоҷик 3 апрел дар канали Orzu дар Ютуб мунташир шуда, то имрӯз онро аллакай бештар аз 50 ҳазор бор тамошо кардаанд.

Дар мусоҳиба ҳунарманд аз падару модар, хонавода, даврони кӯдакӣ ва монеаҳо дар роҳ ба саҳна нақл кардааст. Нигина каме парда аз рӯи зиндагии шахсиаш ҳам баштааст, ки ба гуфтаи худаш, барои ҳамагон шавқовар аст. Аммо боз ҳам ӯ гуфтааст, ки зиндагии хонаводагӣ танҳо ба худи ӯ дахл дорад ва намехоҳад, аъзоёни оилааш зери таъсири моҷарое монанд, ки дар атрофаш месозанд.

Падарам марди баномус ва модарам зани бошарофату зебост

- Волидони шумо чигуна зиндагие доштанд ва ин ҳама солҳоро бо ҳам пушти сар карданд?

- Падарам марди баномус ва ботамкин аст, модарам зани бошарофат ва зебост. Ӯ барои ман аз ҳама зеботарин аст.

- Онҳо ошиқ шуда издивоҷ кардаанд?

- Мо ҳам ба онҳо ин саволро бисёр медодем. Волидони падарам модарамро хуш мекунанд ва дар ин бора ба падарам мегӯянд. Аз ҳамон вақт, падарам аз пайи пайгирии модарам мешавад. Ӯ назорат мебарад, ки модарам кай аз хона мебарояд, кай ба кор мераваду кай  бармегардад. Вале фосиларо нигоҳ медорад, чун он вақтҳо урфу одатҳо қавӣ буданд ва гапзании писару духтари болиғе вайрон кардани одат мешуд.

Модари шумо чандсола буданд?

- Тақрибан 20-сола буд ва муҳосиб шуда кор мекард.

-Баъди оиладор шудан, корро идома доданд?

- Бале, ҳарду - ҳам падар ва ҳам модар коргар буданд.

- Нахустин фарзанд дар хонаводаи шумо кист?

- Писар аст, акаам Хуршед, баъдан ман - Нигина ва се додари дигарам -Хусрав, Хайём, Ҳамидҷон.

Нигина Амонқулова ба хабарнигорони узбакистонӣ гуфт, ки бо дастгирии кӣ сароянда шуд

- Шумо як духтар ва эрка будед?

- Бале як духтарам, вале эрка набудам.

- Акнун дар бораи падаратон нақл кунед. Чӣ касб доштанд?

- Падарам дар пойгоҳи нақлиётӣ кор мекарданд, ронанда буданд.

- Боре шикояти падарро аз таъмини хонаводаи калон шунидаед?

-Не, падарам барои мо тамоми шароитҳо - беҳтарин хӯрок ва беҳтарин пӯшокро фароҳам меовард ва боре аз мушкилии зиндагӣ шикоят накардааст.

- Шумо, ки як духтар будед, диққати волидон ба шумо бештар набуд? Бачаҳо рашк намекарданд?

- Бале, ба фикрам бештар буд, аммо писаронамон рашк намекарданд. Фақат ҷангу ҷанҷол барои бозӣ ё ягон чизи ҷузъӣ буд. Ман, ки духтар будам, зӯрашон ба ман мерасид (механдад).

Боре ман аз мактаб гурусна ба хона баргаштаму ҳар чӣ ки дар ошхона буд, хӯрдам. Ман фикр накардам, ки ҳозир бародаронам ҳам аз мактаб гурусна монда, меоянд. Ҳамин вақт, додари аз ман хурдӣ омад, ман дари ошхонаро аз дарун маҳкам кардам. Ӯ аз диреза  тақ -тақ кард, аз дар омад ва тақ -тақ кард, накушодам. Баъди сер шудан, оҳиста дарро кушодам, аз ошхона то ҳуҷраи дигар тақрибан як даҳ қадам аст, мехостам гурезам, ки онҳо маро дастгир карданд ва ҷазоямро доданд...

- Хабаркашӣ мекардед, аз ин рафтори онҳо шикоят мекардед?

-Хабаркашӣ мекардам, вале бенатиҷа буд.

- Боре шоҳиди гуфтугузори ҷиддии падару модар шудаед?

- Бале, шудаам, фикр мекунам, инро ҳама дидаанд. Он лаҳзаҳо чунон эҳсосӣ мешаванд, ки дигар фикр намекунанд, инҷо кӯдак ҳаст. Ин дар ҳама хонавода ҳаст.

-Ҳоло аз хонаводаатон дар Панҷакент кӣ зиндагӣ мекунад?

- Акаи калониам ҳамроҳи оилааш дар Панҷакентанд, ман бо падару модарам дар Душанбе ҳастем.

- Падару модаратон чандсолаанд?

- Падарам 56 ва модарам 54-солаанд.

- Волидон Душанберо чигуна қабул карданд?

- Аввал душвор буд, чун лаҳҷа дигар аст, муносибати одамон каме фарқ мекунад. Барои ҳамамон душвор буд. Барои ман ҳам. Аммо онҳо намехостанд маро танҳо инҷо гузошта раванд.

- Бародарҳои калониатон намехоҳанд инҷо (Душанбе) бошанд?

- Не.

- Тӯҳфаи дӯстдоштаи модаратон кадом аст?

- Гул.

- Боре барои волидон сюрприз кардаед?

- Фикр мекунам не, чун ҳама кори ман бо маслиҳати онҳо мешавад.

Мушкилӣ дар роҳ ба саҳна

- Барои саҳна омадан, дучори мушкилие шудед?

- Буд, падарам аввал бисёр монеагӣ кард ва чун аз мардум фаҳмид, ки ҳунари ман ба онҳо писанд асту мехоҳанд, ки ман сароянда бошам,  қабул кард. Модарам ҳам намехост, ки ман ҳунарманд шавам, чун атрофи ҳунармандон гап зуд паҳн мешавад ва мардум муболиға мекунанд, ӯ инро намехост.

Пас аз таваллуди фарзанд: Нигина Амонқулова дар рӯзи Артиши миллӣ ҳунарнамоӣ мекунад

- Кӣ ҷонибдор буд?

- Фақат худам.

- Бародарон чӣ?

- Умуман намехостанд. Аммо бибиам ва холаи падарам маро дастгирӣ карданд. Бибиии ман зани аҷоиб аст, худаш ҳам дар ҳама ҷо суруд мехонад дар ҳар маҳфил то ҳол маҳфилорост. Зеро падараш марди ҳунарманд буд, бо дутор суруд мехонд.

- Падаратон чиро намеписандад?

- Падарам марди ҷиддӣ аст, нисбати мо доим муносибаташ ҷиддӣ буд. Ӯ марди саросема аст, мехоҳад, ки ҳама кораш пешакӣ шавад.

- Модар чӣ, хашм дошт?

- Фикр мекунам, агар модар хашмашро нишон надиҳад, фарзандон писанд намекунанд, модарам дар ҷое бисёр ҷиддӣ ва дар ҷое бисёр меҳрубон буд.

- Модаратон шуғли дӯстдоштае дошт?

- Модарам тоқидӯз буд, бибиам тоқӣ мефурӯхтанду модарам медӯхтанд.

- Падаратон хӯроки дӯстдошта дорад?

- Падарам хӯрокҳои сергӯштро дӯст медорад.

- Шуморо дар хона чӣ мегуфтанд?

- Маро ҳама бонуҷон мегуфтанд. Кам номамро мегирифтанд.

"Намехоҳам хонаводаам зери таъсири зиндагии саҳнавии ман монанд"

- Акнун Нигинабону, роҷеъ ба ҳаёти шахсии худатон гап занед.

- Рости гап, ба ман бисёр ин саволро медиҳанд. Аммо як чизро таъкид кардан мехоҳам, ки зиндагии шахсиам фақат ба худи ман тааллуқ дорад. Чун намехоҳам фарзандонам, шавҳарам, падару модарам, аҳли хонаводаи ман зери таъсири зиндагии саҳнавии ман бошанд, зери таъсири суханҳои мардуму моҷарое, ки гирди ман месозанд, зери он бошанд.

Меҳмони нави Нигина Амонқулова: овозхон соҳиби писар шуд

- Ба ҳар ҳол, бо ду ҳарф бигӯед, ки зиндагиатон хуб асту ором аст ва шумо хушбахт ҳастед?

- Бале, зиндагии ман ором аст, ки ман саҳнаро тарк накардаам. Кӯдаконам маънои зиндагии мананд, писари калониам синфи 3 мехонад, ва писарчаи дувумам якунимсола шуд.

   Ёдрас мешавем, дар арафаи таҷлили ҷашни соли нави соли 2018 Нигина Амонқулова дар сӯҳбат бо рӯзноманигорон хабар дода буд, ки чанде пеш соҳиби писар шуд ва номашро Довудҷон гузошт.

Нигина Амонқулова яке аз овозхонҳои маъруфи Тоҷикистон аст, ки дар байни ҳунармандон бо либоспӯшии махсуси тоҷиконааш дар саҳна фарқ мекунад. Ин ҳунарманд пас аз як баромади худ дар "Андалеб" ба саҳна роҳ ёфт ва мавқеи худро низ пайдо карда тавонист.