Узбакистон гуфт, Тоҷикистон кафолат дод, ки “Ҷинҷак”-ро бозпас медиҳад

Додситонии кулли Узбакистон гуфт, мақомоти Тоҷикистон Ёқуб Ғафуров, мулаққаб ба “Ҷинҷак”-ро бозпас ба ин кишвар хоҳад супурд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 4 апр - Sputnik. Ёқуб Ғафуров, маҳкумшуда барои қатли Марк Вайл, асосгузори театри “Илҳом” бо дархости ҷониби Тоҷикистон муваққатан ба ин кишвар истирдод шудааст, хабар дод “газета.uz” аз қавли Додситонии кулли Узбакистон.

ВУД Тоҷикистон “Ҷинҷак”-ро барои ғоратгариву одамрабоӣ дастгир кард

Ба иттилои додситонии Узбакистон, Ғафуров дар доираи созишномаҳои дуҷониба барои кашидан ба ҷавобгарӣ муваққатан ба Тоҷикистон истирдод шуд.

“Ҷониби Тоҷикистон кафолат дод, ки Ғафуров Ёқуб Аҳрорович барои адои пурраи ҷазо ба Узбакистон бозпас супорида хоҳад шуд”, - иттилоъ додааст манбаъ.

Додгоҳи шаҳри Тошканд Ғафуровро моҳи феврали соли 2010 дар куштор, ифротгароӣ, убури ғайриқонунии марз ва сохтакорӣ гунаҳкор дониста, ба 20 соли зиндон маҳкум кардааст.

Мақомоти Тоҷикистон “Ҷинҷак”-ро дар гаравгонгирию роҳзанӣ муттаҳам мекунанд.

ВУД Тоҷикистон ахиран бо нашри як иттилоия хабар дод, ки Аҳрорзода Ёқуб - Ғафуров Ёқуб Аҳрорович, бо лақаби “Ҷинҷак”, соли таваллудаш 1973, сокини деҳаи Ваҳдатободи шаҳри Ваҳдат бо гумони роҳзанӣ ва ғасбу гаравгонгирӣ дастгир шудааст.

Ҳаққи шикори Марко Поло - 80 000 сомонӣ, бузи сибирӣ – 45 000 ва нахчир – 5 000 сомонӣ

“Номбурда, бо маслиҳати пешакӣ бо аъзоёни гурӯҳаш, шаҳрванд Абоев Ҷамшед Исломович, соли таваллудаш 1983, бо лақаби “Иван”, сокини ноҳияи Рӯдакӣ ва дигарон моҳи августи соли 1999, дар маҳаллаи Яккатоли ҷамоати деҳоти Н.Розиқи шаҳри Ваҳдат бо таҳдиди силоҳи оташфишон аз шаҳрванд Юсуфов Шералӣ Азизович, соли таваллудаш 1964, сокини шаҳри Ваҳдат, автомашинаи шахсиаш тамғаи “МАРК-2”, ки арзишаш 16 ҳазор доллари амрикоиро ташкил медод, тасарруф намуда аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд”, - омадааст дар иттилоияи ВУД Тоҷикистон.