Бо роҳи қаллобӣ гирифтани маблағ ва ҷавоҳироти тиллоӣ аз ҷониби зани 43-сола

Бо роҳи фиреб ба боварии зан даромада, аз ӯ 40 ҳазор сомонӣ гирифта, то ҳол маблағашро барнагардонидааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 4 апр — Sputnik. Зимни доир намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия зани 43-солаи сокини шаҳри Душанбе бо гумони қаллобӣ дастгир карда шудааст, иттилоъ додааст дафтари матбуотии Вазорати умури дохилаи кишвар.

Заминсози Корхонаи давлатии фаръии ноҳияи Ҳисор бо ҷурми қаллобӣ дастгир шуд

Манбаъ афзудааст, ки номбурда, рӯзи 17-уми августи соли 2018 бо роҳи фиреб ба боварии зани 41-солаи сокини ноҳияи Шоҳмансур даромада, аз ӯ 40 ҳазор сомонӣ гирифта, то ҳол маблағашро барнагардонидааст.

Ҳамчунин оид ба ҳолати қаллобӣ ба ШВКД-1 дар ноҳияи Фирдавсӣ аризаи зани 57-солаи сокини пойтахт ворид гардидааст, ки моҳи августи соли 2016 зани 43-солаи ноҳияи Рӯдакӣ, бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ 5000 доллари амрикоӣ ва 12 грамм ҷавоҳироти тиллоӣ гирифта, то ҳол маблағашро барнагардонидааст.  

Аз рӯи ин ҳодисаҳо тафтишот идома дорад.