ДУШАНБЕ, 31 мар – Sputnik. Тибқи иттилои дафтари матбуоти Маҷлиси миллӣ, дар ҷаласа Убайдуллоев дар хитоб ба Юсуф Раҳмон риояи қонун барои ҳама, аз ҷумла мақомдорони давлатиро таъкид кардааст.
Убайдуллоев хостори ташаккули низоми нави муқовимат бо қонуншиканиҳо тариқи чораҳои мутамарказонида шуда, барои таъмини риояи ҳуқуқу озодиҳои инсон дар Тоҷикистон зери назорат гирифтани фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқро зарур донистааст.
“Баҳри таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд дар кишвар назорати прокурорӣ аз болои иҷрои вазифаҳои хизматию таъинотии тамоми мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, риояи якмароми қонун аз ҷониби кулли сохторҳои давлатию институтҳои шаҳрвандӣ ба таври қатъӣ пурзӯр ва назорат оиди таъмини ташаккули низоми нави муқовимат бар қонуншиканиву ҳуқуқвайронкунӣ тавассути чораҳои таъхирнопазири мутамарказонидашуда роҳандозӣ, инчунин ҷиҳати пешгирии ҷинояткорӣ, бахусус куштор, терроризм, экстремизм, коррупсия, савдои одамон, муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор, ҷиноятҳои муташаккилона ва трансмиллӣ тадбирҳои муассиро роҳандозӣ намояд”, - таъкид кардааст Убайдуллоев дар хитоб ба Юсуф Раҳмон.
Убайдуллоев тарҳрезии муборизаи муташаккилона бо коррупсия ва дигар зуҳуроти номатлуб, баррасии саривақатии муроҷиати шаҳрвандон, назорати истифодаи заминро тақозои вақт арзёбӣ кардааст.
Раиси Маҷлиси миллӣ афзудааст, ки асоснокии даъвоҳои ба суд пешниҳоднамудаи прокуророн пайваста таҳлил гардад.
“Гузашта аз ин, даъват ба миён оварда шуд, ки риояи қонунгузорӣ дар бораи истеҳсолоти иҷро, иҷрои қонунҳо дар ҷойҳои ҳабси пешакӣ, дар муассисаҳои иҷрои ҷазои ҷиноятӣ ва нигоҳдории шахсоне, ки нисбати онҳо аз тарафи суд чораҳои хусусияти маҷбуридошта таъин шудааст, инчунин шартан пеш аз мӯҳлат аз адои ҷазои ҷиноятӣ озод кардан, иваз намудани ҷазо ва аз як намуди муассисаҳои ислоҳӣ ба дигар намуд гузаронидан таҳти назорати доимӣ қарор дода шавад”, - омадааст дар иттилоияи Маҷлиси милллӣ.
Убайдуллоев бо зикри дастури раисиҷумҳури Тоҷикистон дар бораи мораторияи санҷиши соҳибкорон таъкид намудааст, ки “аҳли ҷомеа, бахусус мақомоти назоратӣ ва ваколатдори давлатӣ беш аз ҳарвақта тавассути ба роҳ мондани фаъолияти судовари таблиғотию ташвиқотӣ дар симои соҳибкор шарики боэътимод ва муҳаррики асосии пешбурди иқтисодию иҷтимоиро дар ҳудуди мамлакат дарк карда, фаъолияти худро баҳри дастгирии ҳамаҷониба, бо масъулияти баланд ва эҳтироми талаботи қонунгузорӣ дар сатҳи баробар амалӣ намуда, ба санҷишҳои беасосу ғайринақшавӣ комилан хотима бахшанд”.