Баргузории мусобиқаи футбол барои дарёфти Ҷоми олии “Тоҷикистон -2019” дар Душанбе

Барои Ҷоми олии Тоҷикистон “Истиқлол” ва “Хуҷанд” бо ҳам рӯ ба рӯ мешаванд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 29 мар — Sputnik. Имрӯз, соати 19:00 дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе вохӯрӣ барои Ҷоми олии Тоҷикистон-2019 оид ба футбол баргузор мегардад, иттилоъ додааст дафтари матбуоти Федератсияи Футболи Тоҷикистон.

Кумитаи ҷавонон рӯзноманигоронро ба футбол даъват кард

Манбаъ афзудааст, ки дар он чемпиони соли гузашта ва барандаи Ҷоми Тоҷикистон-2018 –“Истиқлол”-и Душанбе ва соҳиби медалҳои нуқраи Чемпионати мамлакат-2018- “Хуҷанд”-и Хуҷанд  бо ҳам қувва меозмоянд.

Мусобиқа барои Ҷоми олии Тоҷикистон аз соли 2010 инҷониб  ба роҳ монда шудааст, ки ҳафт маротиба онро КФ “Истиқлол” (2010, 2011, 2012, 2014, 2015, 2016 ва 2018), як маротибагӣ “Равшан”-и Кӯлоб (2013) ва “Ҳосилот” -и Фархор (2017) ба даст овардаанд.

Барои Ҷоми олии Тоҷикистон “Истиқлол” ва “Хуҷанд” маротибаи сеюм бо ҳам рӯ ба рӯ мешаванд. Дар ду бозии пешина истиқлолиҳо ба пирӯзӣ комёб гардиданд.

Вохӯрии имрӯзаро доварон Гулмуроди Саъдулло-довари ФИФА дар майдон, Ҳасан Каримов ва Вафо Қараев ба ҳайси ёвари довари вохӯрӣ ва Насрулло Кабиров ба ҳайси довари эҳтиётӣ ҳакамӣ мекунанд.